335 ҳодисаи ҳабси рӯзноманигорон аз ҷониби пулиси Белорус

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
“Гузоришгарони бидуни марз” арқоми асосии муқовимати беш аз се моҳи шаҳрвандони Беларус ва рӯзноманигорон алайҳи режими Александр Лукашенкоро ҷамъ оварданд.
  • Дар ҳисоботи ин созмон омадааст, ки пас аз интихоботи 9-уми август ва ғайриқонунӣ пирӯз эълом гардидани Александр Лукашенко то ба имрӯз дар Белорус мардум даст ба тазоҳурот мезананд. Ҳафтаи гузашта теъдоди бесобиқаи муътаризон ва рӯзноманигорон, беш аз 1000 нафар боздошт шуданд.
  •  Латукӯби мардум идома дорад, аммо аризаҳо ба Кумитаи тафтишоти Белорус беҷавоб боқӣ мемонанд. Гузашта аз ин, мақомот акнун ҳатто аз баррасии ҳодисаҳои истифода аз анвоъи хушунат тавассути пулис ва артиш дар хиёбонҳо ва боздоштгоҳҳо худдорӣ мекунанд.
  •  Рӯзноманигороне, ки аз ҷониби полис барои “иштирок дар амалҳои эътирозии ғайриқонунӣ” боздошт шуда буданд, дар маҷмӯъ 658 шабонарӯзро  дар боздоштгоҳҳои тафтишотӣ гузарониданд.
  • Дар ин муддат 335 ҳодисаи ҳабси рӯзноманигорон аз ҷониби полис сурат гирифт. Ҳамзамон, мақомоти амниятӣ 400 маротиба ҳуқуқи озодии матбуотро поймол карданд. Айни замон мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи журналистони Беларус 16 нафар рӯзноманигорон дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд.
  •  Барои рӯзноманигорон пас аз боздошт аз 3 рӯз то 3 соли зиндон ҷазо татбиқ карда мешавад. Хабарнигорони телевизиони Белсатро  барои инъикоси раҳпаймоиҳои эътирозии 1 ноябр то се соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Онҳо ба созмондиҳии  бетартибиҳо айбдор карда мешаванд, ки асос надорад.
  • Дар ин муддат пулис 60 рӯзноманигорро латукӯб ва таҷовуз кардааст. Ҳадди аққал 3 рӯзноманигор аз тир захмӣ шуданд.
  • Бояд гуфт, ки  низомҳои диктотурӣ барои рӯйпӯш кардани ҷиноёти худ ба фаъолияти шаффофи ВАО монеъ шуда, ба муқобили онҳо аз таъқибу фишор сар карда,  то латукӯб ва маҳрум сохтан аз озодиро интифода мебаранд. Дар Тоҷикистон тайи як соли охир рӯзноманигор Абдулло Ғурбатӣ барои инъикоси воқеъии ҳаводис ду маротиба мавриди латукӯб қарор гирифт ва рӯзноманигор Далер Шарифов барои интиқод аз Ҳукумат аз озодӣ маҳрум гардид.

The post 335 ҳодисаи ҳабси рӯзноманигорон аз ҷониби пулиси Белорус appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.