39 муҳоҷири тоҷикро аз бунбаст дар Абахозистон бароварданд

Консулгарии Тоҷикистон дар Русия боз 39 муҳоҷири тоҷикро, ки дар ҳудуди Абхозистонро дармонда буданд, берун овардааст. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо дархости онҳо мақомоти Русия иҷозат додаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон давоми ду рӯз бо роҳи заминӣ ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав расонида шаванд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар давоми соли ҷорӣ ин бори чандум аст, ки бо мусоидати мустақими Вазорати корҳои хориҷии Русия барои берун омадани муҳоҷирони тоҷике кӯак карда мешавад, ки бинобар ҳамагирии  COVID-19 дар бунбаст қарор гирифта буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.