45 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2020

Cоли равон ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 45 миллион доллар кӯмаки башардӯстона  ворид шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар додааст. Ин кӯмак бо вазни умумии беш аз 19  ҳазор тонна дар намуди орд, равғани растанӣ, таҷҳизоти  тиббиву  маводи доруворӣ  аз  60 кишвар  ворид шудааст. Ҳиссаи бештари кӯмакҳои башардӯстонаро ҳукуматҳои Чин, Узбекистон, Туркия ва  Ҳиндустон ирсол кардаанд.

Ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ҳамчунин тавассути созмонҳои байналмилалии мисли идораҳои СММ ҳам дар авҷи пандемияи коронавирус ба кишвар ворид шуданд. Айни замон, дар ҷомеа ба шаффофият ва риояи адолат ба ҳангоми тақсими ёриҳои башардӯстона шубҳа вуҷуд дорад. Дар авҷи бӯҳрони коронавирус кормандони тиббӣ мегуфтанд, ки бо вуҷуди ба кишвар ворид шудани сарулибоси ҳифозатии тиббӣ, бархе беморхонаҳо аз кормандони тиб пули ин либосро мегирифтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.