466 донишҷӯи беларусӣ барои ширкат дар эътирозҳо дар ҳабс мемонад

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International мегӯяд, дар Беларус донишҷӯён барои ширкат дар намоишҳои сулҳомез алайҳи режими Александр Лукашенко бо хатари ҳабс ва ронда шудан аз донишгоҳ рӯбарӯ мешаванд. Дар гузорише, ки ин созмон  рӯзи 24-уми май нашр кард, аз фишори афзоянда болои донишҷӯёни беларусӣ ва ҳам саркӯби кормандони донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ шудааст. Баъди интихоботи президентии августи порсол дар Беларус, ки ба қавли мақомот бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷомид, мухолифон ва бисёр сокинони ин кишвар бо иттиҳоми тақаллуб шудани натиҷаҳо даст ба эътироз заданд. Мақомот аз саркӯб кор гирифта то ҳол даҳҳо ҳазор нафарро боздошту ҳабс кардаанд, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бисёри эътирозгарон дар боздошт шиканҷа мешаванд.

Amnesty International мегӯяд, “донишҷӯёну муаллимоне, ки дар эътирозҳо иштирок кардаанд, дар як шароити навшуда ба сар мебаранд. Маълум мешавад, ки дар бисёри ин муассисаҳо маъмуриятҳои донишгоҳҳо ошкори гуфтаанд, ки мухолифати онҳоро ба режим таҳаммул намекунанд. Рӯзи 27-уми октябр Лукашенко амр дод, ки дигарандешонро аз донишгоҳ ихроҷ кунанд”.

Ба иттилои Анҷумани донишҷӯёни Беларус, ки як созмони мустақил аст, дастикам 466 донишҷӯ боздошт шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.