8 куштаву чанд захмӣ. Сарнавишти ҳамлагари Перм маълум нест

Мусаллаҳи эҳтимолӣ, ки дар донишгоҳи давлатии Перми Русия рӯзи 20-уми сентябр тирандозӣ карду чанд нафарро кушт, боздошт гардидааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар ҳамла ба донишгоҳ 8 нафар кушта ва чандин кас захмӣ шуданд.

Бар асоси иттилои мақомот, ҳамлагари эҳтимолӣ баъди ин боздошт гардид. Дар изҳороти Кумитаи тафтишот омадааст, ки “гумонбар мушаххас шуд. Ҳангоми муқовимат ба ҳабсаш маҷрӯҳ гардид”. Ҷузъиёти дигар дар  даст нест. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ҳамлагар дар роҳ даргузашт.

Дар ҳамин ҳол Телеграм канали “Маш” навишт, ки ҳамлагари эҳтимолии боздоштшуда Тимур Бекмансуров ном дорад. Мақомот ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ ё рад накардаанд.

Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки ҳамлагар ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда оташ кушод.  Шабакаи REN TV саҳнаҳои аз ошёнаи дуюм паридани одамонро дар яке аз биноҳои донишгоҳ намоиш дод.

Перм макони зисти 1 миллион нафар буда, дар 1400-километрии шамолушарқи Маскав ҷойгир аст. Маъмурияти донишгоҳ дар саҳифааш дар паёмрасони VKontakte навишт, ки  ба донишҷӯёну маъмурият гуфта шуд, ки дарҳои синфхонаҳоро банданд, дарсҳо бекор шудааст.

Дар давоми чор моҳи гузашта ин дуюми ҳодисаи тирандозӣ дар дохили як муассисаи таълимӣ дар Русия мебошад. Як ҳодисаи мудҳиши террористӣ  соли 2004 дар шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ рух додааст. Рӯзи 1-уми сентябр гурӯҳи мусаллаҳе  садҳо хонандаи мактабу омӯзгоронро гаравгон гирифта, 330 нафарро ба қатл расониданд. Баъди ин масъалаи таҳкими амният дар муассисаҳои таълимии Русия аз тақозоҳои ҷиддии давлат шуд.

Дар ҳодисаи моҳи маи имсол ҳамлагари мусаллаҳ Илноз Галявиеви 19-сола, ки нӯҳ касро кушта чандин нафарро маҷрӯҳ кард, бемори рӯҳӣ будааст. Баъди ин ҳодиса қонунгузорон фурӯши силоҳ дар Русияро маҳдуд карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.