Аҳмад Масъуд: “Ҳукумати фарогир мехоҳем, на мақому мансаб”

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон мегӯяд, талоши онҳо барои эҷоди як ҳукумати фарогир аст, ки мардуми Афғонистон худро дар он бинанд ва ҳам аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул шавад. Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон неруҳои зиёдеро дар дараи Панҷшер гирд овардааст, ки мухолифи Толибон мебошанд.  

Аҳмад Масъуд рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо телевизиони форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, орзуи мардуми Афғонистон доштани як давлате аст, ки тавонанд ҳам бо худ зиндагӣ кунанд ва ҳам бо дунёи берун. 

“Талоши мо намояндагӣ аз ин садои мардуми Афғонистон аст ва истодагӣ дар баробари шароите, ки бидуни шак Афғонистонро ҳам ба инзивои сиёсӣ мебарад, ҳам инзивои сиёсӣ”,-гуфт Аҳмад Масъуд. 

Толибон ҳоло аксарияти минтақаҳои Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобулро зери назорат доранд, вале то ҳол ҳукумати худро эълон накардаанд. Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз сӯи Толибон тасарруф нашудааст. Тибқи хабарҳои расида, ин гуруҳ ҷангиёни худро ба марзи Панҷшер фиристодааст, ҳарчанд роҳбаронашон гуфтанд, мехоҳанд мушкилро аз роҳи музокирот ҳал кунанд. 

Аҳмад Масъуд дар мусоҳиба бо Бӣ-Бӣ-Сӣ тасдиқ кардааст, ки бо гуруҳи Толибон музокира доранд ва талош доранд ба намояндагони ин гуруҳ фаҳмонанд, ки “Афғонистон ниёз ба низоме дорад, ки ҳама худро дар он бубинанд”. Ҳарчанд Масъуди хурдӣ аз он нигаронӣ кард, ки “мушоҳидаҳо нишон намедиҳад, ки як тағйироти мусбате дар роҳ аст”.

“Фурсат ҳаст, музокираву суҳбат ва мусолиҳаро бо Толибон пеш мебарем ва талоши худро анҷом медиҳем, аммо Худое нохоста агар бовар ва диди дӯстон ин бошад, ки роҳи ҳалл таҳмили бовар ва дидгоҳҳост, дар он сурат мо ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон дар ҷуғрофияе бо номи Панҷшер ба муқовимати худ идома медиҳем”,-гуфт, Аҳмад Масъуд. 

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд афзуд, истодагии ӯ барои кадом мансаб ё мақом нест ва пешниҳоди кор дар ҳукумати қаблии Афғонистонро ҳам рад кардааст. Паёми дигари Аҳмад Масъуд ин буд, ки ӯ ва дигар сиёсатмадорони Афғонистон “набояд иштибоҳи таърихие бикунем, ки мардум ё дар дарёи Юнон ғарқ шаванд ё аз тайёраҳо (ҳавопаймо) биафтанд”. 

Пеш аз ин Аҳмад Масъуд изҳори умед карда буд, ки аз роҳи музокирот бо Толибон ҳамаи мушкилот ҳал мешаванд. Вале ӯ афзуд, нерӯҳои зери фармонаш ба ҷанг омодаанд. Толибон дар гирду атрофи дараи Панҷшер мавқеъ гирифтаанд. 

Аҳмад Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ ва баъд дар солҳои ҷанг бо Толибон дараи Панҷшери Афғонистонро таҳти тасарруфаш қарор дода буд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.