Абдоркунанда хост, ки Навалний аз рӯи парвандаи “Ив Рошер” ба 3,5 соли ҳабс маҳкум шавад

Айбдоркунанда дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба “тӯҳмат”-и Алексей Навалний, як мунаққиди Кремлин аз додрас талаб кард, ки ӯро ба пардохти ҷарима ва 3,5 соли зиндон маҳкум кунад. Мурофиа дар толори додгоҳи  ноҳияи Бабушкинскии шаҳри Маскав ҷараён дорад.  Додситонӣ гуфт, ки гуноҳи Навалний пурра исбот шуд ва талаб дорад, ки ӯро ба пардохти 950 ҳазор рубл ҷарима ва 3,5 соли зиндони низомаш умумӣ аз рӯи парвандаи “қаллобӣ” маҳкум кунанд. Додситон гуфт, ки тӯҳмат дар ҷараёни мӯҳлати шартии зиндон аз рӯи парвандаи “Ив Рошер” (аз соли 2014) сурат гирифтааст. Аз рӯи ин парванда ҳукми оғози моҳи феврали додгоҳ Навалнийро ба 2 соли 8 моҳи зиндон маҳкум карда гуфт, ки мӯҳлати дар ҳабси хонагӣ ва дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шудани Навалний ба ҳисоб гирифта шуд. Қарор аст ҳукми додгоҳ 20 феврал эълон шавад ва дар ҳамин рӯз ҳам аризаи шикоятии Навалний аз болои ҳукми ба зиндон фиристода шудани ӯ ҳам баррасӣ мешавад.

Дар ҳукми ахири додгоҳ Навалнийро барои нақзи шароити ҳабси шартӣ бар асоси додгоҳи соли 2014 гунаҳгор карданд. Навалний дар ҳоле муҳокимаву ҳабс шуд, ки баъди як заҳролушавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли 2020, дар як беморхонаи Олмон табобат гирифта 17 январ ба Маскав баргашт ва ҳамон замон боздошт шуд. Ӯ ва тарафдоронаш ин додгоҳро ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Ҳабси Навалний дар саросари Русия эътирозҳои мардумиро барангехт ва давлатҳои ғарбӣ ин ҳукм, зиндонишавии Навалний ва саркӯби ҳазорҳо тарафдорони ӯро дар паи эътирозҳои хиёбонӣ маҳкум карданд.

Қазияи “тӯҳмат” ба шарҳҳои Навалний дар Твиттер марбут аст, ки зери як навори видеоии таблиғи референдуми порсолаи Русия, ки ҳақи президент Владимир Путинро барои ширкати бемӯҳлат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъмин мекунад, навишта шуданд. Ӯ дар ин шарҳҳояш қаҳрамонҳои видеои таблиғотиро “чоплусҳои фурӯхташуда ва хоин” номида буд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.