Абдуҷаббор Раҳмонзода: Духтари тоҷикро бубин!
Рӯзи 17-уми декабри соли равон барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар – Рухшона Норова – хонандаи синфи 8, Раъно Насриддинова – хонандаи синфи 11 (ҳарду аз шаҳри Панҷакент), Сарфарозиддин Иморуддинов – омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова – омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ ва Нӯшофарин Хидирова – омӯзгор аз шаҳри Истиқлол иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи 5 номинатсия санҷида шуд.
Манбаъ: Millat.tj