Абдуфаттоҳ Шарифзода

Котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон. 

Абдуфаттоҳ Шарифзода 26-уми майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Аз ба шумор шахсиятҳоест, ки бо дилпурӣ гуфта метавонад, ки агар ба мақоме расида бошад, бо талошу заҳмати худ ноил шудааст. Онҳое, ки ӯро мешиносанд, ҳамеша аз хоксориаш сифат кардаанд. Аммо аз котибони матбуотиест, ки камтар бо расонаҳо робита дорад.

Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри Душанбе, соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз вазифаи муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи №19 дар ноҳияи Айнӣ оғоз мекунад. Баъдан, ба шаҳри Душанбе баргашта  муҳаррири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд.

Баъдан, ба корҳои идеологӣ гузашта аввал инструктор, пасон муовини мудир, мудири шӯъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст.

Фаъолият дар парламент ва шиносоӣ бо марҳум Сафаралӣ Раҷабов ба карераи минбаъдааш таъсири мусбат доштааст.
Дар парламенти Тоҷикистон дар вазифаҳои мушовир – сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олӣ кор мекард. Аммо бо ҳамаи ин аз тадрису омӯзгорӣ ҷудо нашудааст. Дар Донигоҳи давлатии миллӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба донишҷӯён дарст мегуфт.

Соли 2000-ум дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ номзад ва вориди парламент шуд. Дар Маҷлиси намояндагон узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон буд. Дар ин вазифа то соли интиҳои соли 2003 кор кард.

15-уми декабри соли 2003 бо амри Президент Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. То ҳол дар ин вазифа кор мекунад. Доктори илмҳои таърих, профессор мебошад.

Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо ба дарёфти унвони доктори илмҳои таърих дар назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи бештар аз 60 китоб, 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ ва таърихи давлатдории навини Тоҷикистон мебошад.

Курсҳои кутоҳмуддати дуҳафтаинаи Хабаргузории Иттилоотии Бюрои оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанги ИМА-ро дар мавзӯи: «Омӯзиши таҷрибаи кори Конгресси ИМА» дар Вашингтон (ИМА) аз 1-уми то 15-уми июни соли 1996, Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Японияро дар мавзӯи: «Раванди демократикунонӣ ва парламентаризм» дар Токио ва Киотто (Япония) аз 3-юм то 16-уми феврали соли 2002, Ташкилоти байналмилалии оммавии Британияи Кабирро дар мавзӯи: «Пешрафти одоб ва стандартҳои касбӣ дар таъминоти ҷамъиятӣ» дар Лондон (Британияи Кабир) аз 11-ум то 22-юми ноябри 2002 ва барномаи махсуси Боварӣ ба Ҳукумати Австралияро дар мавзӯи: «Омӯзиши сохтори идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Австралия» дар Сидней ва Камберра (Австралия) аз 12-ум то 25-уми майи соли 2003 хатм намуда Сертификат гирифтааст.

Дорандаи «Медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011) мебошад.
Оиладор соҳиби ду писар ва як духтар аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.