Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Рӯзноманигор, медиа-менеҷер, ровӣ, китобдор, фаъоли ҷамъиятӣ. 

Абдуқодир Абдуқаҳҳорович Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор)  15-уми декбари соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳия Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ таҳсилоти ибтидои ва миёнаи умумиро дар солҳои 1975-1985 дар мактаби миёнаи умумии №19-и зодгоҳаш гирифтааст.

Солҳои 1987-1989 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) адои хидмати ҳарбӣ мекунад.

Соли 1990 ба факултаи Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (Донигошгоҳи милли Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1995 онро бо муваффақият ба анҷом мерасонад.

Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст:

Солҳои 1995-1998- Муҳаррири саридораи “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 1998-1999- Муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 1999-2001-Муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 2001-2002-Сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2002-Муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2004-Шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2005-дар вазифаҳои Муҳаррири варзидаи барномаҳои “Субҳ” Сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва Муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2012 Директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2012 то 2014 Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»-ро бар ӯҳда дошт. Аз ин вазифа 27 феврали соли 2014, бинобар ихтилофи назар доштан бо раиси шаҳр бо хоҳиши худ истеъфо дод.

Аз феврали соли 2014 то майи соли 2015 сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе буд.
Аз моҳи майи соли 2015 то ҳол вазифаи директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба ӯҳда дорад

Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад.

Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.

Соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.