Абдулло Раҳнамо

Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо – номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Ӯро аз намунаҳои афроди башумор дар Тоҷикистон медонанд, ки дар сохтани худ талош намудаанд. Дар иҷтимоишиносӣ аз чунин шахсиятҳо «self made man» ном бурда мешавад, ки шартан метавон «худсохта», ё «соҳибкасби шахсиятшуда» номид.

Абдуллоҳи Раҳнамо  аз нафаронест, ки барои рушди маънавиёти ҷомеаву миллат бетаваҷҷӯҳ набуда, наметавонанд барои ҷомеаву миллаташон талош наварзанд.

Одатан чунин шахсиятҳо ба дараҷае мерасанд, ки фаротар аз гурӯҳҳову маҳал андеша мекунанд, ба масъалаҳову мушкилот аз нигоҳи давлативу миллӣ менигаранд. Гоҳо чунин биниш боис ба он низ мегардад, намунаи ин шахсиятҳо аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун чун одами ҷониби дигар баҳо дода мешаванд, аммо онҳоро аз ин боке нест.

Абдуллоҳи Раҳнамо ба маънои томаш як шахсиятест бо тафаккури давлатмандона дар раддаи аввали чеҳраҳои миллӣ қарор дорад. Аммо ба хидмати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пардохтани ӯро дар ҷомеа, хоса дар миёни мухолифини мазҳабӣ хуш напазируфтанд. Шояд ба он далел, ки овони наврасиву ҷавонии ӯ дар хориҷ миёни мухолифини вақти ҳукумат гузаштаасту ӯ аз муҳаққиқони аслии исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон шинохта мешуд.
Мавзеъгириҳои сиёсиву иҷтимоии ӯро устувор гуфта намешавад.

Ӯ 10-уми марти соли 1971 зода шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактабҳои ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав гирифтааст.

Солҳои 1987-1990 дар Техникуми полититехникии Душанбе таҳсил намуда, бо дипломи аъло онро ба итмом мерасонад. Пас аз ин таҳсилро дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро низ бо дипломи сурх хатм намудааст.

Солҳои 2001-2004 дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аспирант будааст.

Инчунин, барои такмили ихтисоси худро дар риштаҳои сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар Ирон, ИМА, Миср ва Русия гузаронда, соли 2007 пас аз хатми аспирантура дар назди кафедраи сиёсатшиносии ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Солҳои 1999-2005 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Аз соли 2012 сардори раёсати номбурда таъин гардида, ҳоло дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ дар Марказ фаъолият дорад.

Соли 2010 Муассисаи таълимии «Литсейи Раҳнамо»-ро таъсис намудааст, ки айни замон аз беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар он ҳудуди 500 талаба таҳсил мекунанд.
Баъзеҳо бар ин андешаанд, ки ҳамин тарҳ боиси гаравидани ӯ ба хидмати давлатӣ шудааст, аммо ӯ то ин тарҳ низ мансаби ҳукумутӣ доштааст.

Муаллифи китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе,2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе,2009), «Ислом ва амнияти миллӣ» (2011), «Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ» (Душанбе,2011) ва беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, муносибати дину давлат, маорифи динӣ, равандҳои муосири ҷаҳони ислом ва амсоли ин мебошад.

Навиштааш таҳти унвони “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: Хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ” (Ирфон-2014) чанде пеш ба нашр расид.

Навиштаҳои ӯ ҳамчунин дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Британия, Олмон, Шветсария, Шветсия, Ирон, Афѓонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Қирѓизистон ва ғайра ба нашр расидаанд.

Ҳамчун коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афғонистони муосир дар сатҳи байналмилалӣ шинохта гардидааст.

Дар муассисаву донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ маърӯзаҳо намудааст. Аз ҷумла дар назди коршиносону доираҳои маъруф дар Париж (Фаронса), Кобул, Ҳирот, Нанганҳор (Афғонистон), Бостон, Сиэтл, Огая, Ню-Йорк, Вашингтон (ИМА) ва дигар шаҳру давлатҳо маърӯзаву лексияҳо хондааст.

Бо забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ ба хубӣ суҳбат карда метавонад.

Абдулло Раҳнамо оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

One thought on “Абдулло Раҳнамо

  • Одатан чунин шахсиятҳо ба дараҷае мерасанд, ки фаротар аз гурӯҳҳову маҳал андеша мекунанд, ба масъалаҳову мушкилот аз нигоҳи давлативу миллӣ менигаранд. Гоҳо чунин биниш боис ба он низ мегардад, намунаи ин шахсиятҳо аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун чун одами ҷониби дигар баҳо дода мешаванд, аммо онҳоро аз ин боке нест.
    инро бо медиамаркер санҷед, пропоганда нест магар?

    Назар

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.