Абдулло Абдулло бо сафари серӯза ба Покистон рафт

Абдулло Абдулло, раҳбари калони гурӯҳи музокиротии ҳукумати Афғонистон бо  Толибон рӯзи 28-уми сентябр бо як сафари серӯза вориди Покистон шуд. Музокирот бо Толибон, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар шурӯъ шудааст, бо сабаби номуайян будани чаҳорчӯби  музокираҳо дар амри хатми ҷанги 19-солаи Афғонистон масдуд шудааст. Покистон як ҳамсояи Афғонистон ва бозигари калидии минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Доктор Абдулло бо нашри изҳороте дар Твиттер гуфт, ки ният дорад бо раҳбарияти Покистон ҷараёни сулҳи Афғонистонро баррасӣ кунад. Муносибатҳои Афғонистону Покистон ҳамвору осон набуд, чун Кобул ва Вашингтон Исломободро дар паноҳ додан ба раҳбарияти Толибон гунаҳгор кардаанд, вале Покистон ин иттиҳомҳоро ҳамеша рад кардааст. Покистон мегӯяд, ки нуфузи ин кишвар ба Толибон бисёр вақт аз буда бештар нишон дода мешавад, вале мегӯяд, ки омода аст барои сулҳи Афғонистон ҳама талошро ба харҷ диҳад. Музокира бо Толибон дар чаҳорчӯби созиши сулҳи Вашингтон ва гурӯҳи шӯришӣ ҷараён мегирад, ки моҳи феврали имсол имзо шуд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.