Абдуллоҳи Раҳнамо дар сӯги Сафарбеки Солеҳ

Сафарбеки Солеҳ фарзона буд,
Якоину якрӯю якдона буд.
Ба он фару фарҳангу нуру сафо,
Саросар бузургии шоҳона буд.
Намоде зи оини озодагон,
Намоде зи ҳарфи самимона буд.
Ба пешонааш сабт буд ин сухан,
Ки ӯ душмани банду завлона буд.
Зи тоҷик сад мустанад офарид,
Ки ҳар як нигоҳе далерона буд.
Ба асри нузули камоли ҳунар,
Сутуни нигаҳдори кошона буд.
Чу бар минбари анҷуман медамид,
Ҳама фитнаву шўру фаттона буд.
Ба он ёлу бозуву болову бол,
Ту гўйӣ Сиёвуши афсона буд!
Ба ҳар фарди дардошно хеш буд,
Ба ҳар фарди бедард бегона буд.
Ба гунҷишкакон обу дон мехарид,
Парастори ҳар мурғи белона буд.
Дареғо, ки насли ҷавони Ватан,
Надонанд худ буд ӯ ё набуд?
Ба тасвир як шери ин беша буд,
Ба таҳқиқ як шамъи ин хона буд…

Абдуллоҳ Раҳнамо

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.