Абдуллозода: Тоҷикистон дар заминаи харидории воксина бо Русия машварат мебарад

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, Душанбе бо мақомоти Маскав дар заминаи харидории воксинаҳои русии “Sputnik V” музокира мебарад. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, ки рӯзи 12 феврал дар чаҳорчӯби нишасти матбуотии яксола ба саволҳои журналистон посух медиҳад, гуфт, Тоҷикистон бо Русия дар заминаи харидорӣ ва мушаххас кардани нархи воксинаҳои музокира мебарад.

Ба гуфтаи ӯ, 20 дарсади воксинаҳоро Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ройгон дастрас мекунад ва, ба гуфтаи вазир, ин навъи воксинаҳои AstraZeneca мешавад. Қаблан бар асоси як тақсимоти аввалияи СҶТ, хабар дода шуд, ки ба Тоҷикистон, ҳамчун узви   барномаи COVAX, дар навбати аввал беш аз 700 ҳазор  воксина фиристода мешавад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.