Абдулоҳи Раҳнамо: Чаро ман давлатмеҳвар шудаам?

«Ҷудо аз шароити таърихӣ, ҷудо аз воқеияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷудо аз фарҳанги мардумсолорӣ барҷаста ва талқин кардани «озодӣ» мушобеҳи ҷудо аз контексти маърифати исломӣ таблиғу талқин намудани «ҷиҳод» аст, ки агар ин боиси ташаккули ифротгароии доишӣ шавад, он боиси шаклгирии анархизми назмшикан мегардад, ки ҳеҷ яке нерӯи солиму созанда нест…»

МОҲИЯТИ МАВЗӮЪ
Чун чанде пеш таҳлиле дар боби интихобот нашр кардам, яке аз тоҷикони беҳтарини муқими Амрико чунин савол фиристод, ки «устод, чунин хидмату азхудгузаштагӣ дар ивази чист?!» Бо ин савол ӯ дар пайи донистани ин буд, ки барои навиштани ин мавод муомилаи муаллиф бо ҳукумат чӣ бошад? Як фаъоли саршиноси мухолиф ин мақоларо ба тарзи худ фаҳмида, дар шарҳи он навишт, ки «фалонӣ мехоҳад дар командаи нав ҷой гирад…»

Зери ҳар навиштае, ки дар мавзӯи сиёсат, давлат, миллат, ҷомеа ва ғайра мегузорем, касоне, ки онро муносиби мавқеи худ надонанд, ҳатман шарҳ менависанд, ки «бо супориш навиштааст», «аз тарс чунин гуфтааст», «маҷбур будааст» ва ғ.… Тафсири боз ҳам машҳуртари муҳити сиёсию иттилоотии мо нисбати назарҳои нашршуда ибораи «барои чор танга» аст, ки ишора ба тамаъ ё дар ивази маблағи муайян гуфтану навиштани назар дорад.

Ва ниҳоят, чун соле пеш дар ҳамоише назари худро баён кардам, яке аз ҳамватанони хориҷӣ дар «таҳлил»-и худ хулоса намуд, ки «Раҳнамо душмании худро бо мо ошкор сохт» ва ин мавқеъгирӣ «худкушии сиёсии ӯст», яъне ба хотири ҷонибдорӣ аз давлат, мо дигар ӯро эҳтирому эътироф намекунем.

Ин чор навъи вокуниш дар асл чор навъи маъмултарини фаҳмиш дар бораи мантиқи мавқеъ ва назари инсон дар фазои сиёсию иттилоотии тоҷикист. Яъне, дар бораи ҳар навишта маъмулан чунин доварӣ меравад, ки муаллиф ё бо мақсади наздикшавӣ ба қудрат навиштааст(1), ё маҷбуран бо супориши касеву ҷое навиштааст(2), ё дар ивази маблағу имтиёзе навиштааст(3) ва ё душманӣ дораду аз сари ғараз навиштааст(4). Таҳлили ин вариантҳо ҳаргиз мақсуди мо нест, балки ҳадаф мушоҳидаи муҳити фикрию сиёсии мост, ки мутаассифона, дар он маҳз чунин фарзияҳо ҳокиманд.

Муҳити пасоистеъморие, ки ҳатто тасаввур надорад, ки муаллифе метавонад худ соҳиби назар бошад, дорои мавқеъ бошад, коршиноси мавзӯъ бошад ва ё ташхиси тахассусии худро ба миён гузорад.

Муҳите, ки тасаввур надорад, ки касе метавонад бе ҳеҷ тамаъу ғаразе дар ҳақиқат мавқеи ватандорона дошта бошад, тафаккури давлатмеҳвар дошта бошад, падидаву нерӯву мавқеъҳоро аз меъёри судмандии он ба давлат арзёбӣ кунад ва аз он назар изҳори назар намояд.

Ин ҳолат, яъне набудани тасаввур дар бораи инсони соҳибназар ва надоштани тасаввур дар бораи дидгоҳи давлатмеҳвар яке аз мушкилоти бузурги фазои фикрию сиёсии мост, ки намегузорад то на дар фазои маҷозӣ ва на дар раванди воқеӣ муҳокимаву муколимаи солими фикриву сиёсӣ сурат гирад. Бинобар ин, зарур медонам, ки яке аз мафҳумҳои калидии назария сиёсӣ ва мавқеи шаҳрвандии худ, яъне МАВҚЕИ ДАВЛАТМЕҲВАРро шарҳу баён карда, таъкид намоям, ки мавқеъҳои дигар ва ё сатҳҳои фаротар аз он чор варианти тасаввуршавандаи фазои иттилоотию сиёсии мо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, биниши ниҳодгаро ва мавқеи давлатмеҳвар, ки метавонад баҳсу гуфтумон ва тафаккуру ҷомеаи моро ба сатҳи дигар барорад ва ба бисёре аз баҳсу муборизаҳои кучаки шахсияту нерӯҳои сиёсии мо хотима гузорад.

МАВҚЕИ ДАВЛАТМЕҲВАР ЧИСТ?
Тафаккур ё мавқеи давлатмеҳвар сатҳи андеша ва навъи мавқеъгириест, ки шаҳрванд зимни фаъолияти фикриву ҷамъиятии худ ҳифзу устувории давлатро ҳамчун ниҳоди асосӣ(1) ва ҳифзи манфиатҳои олии миллию давлатиро ҳамчун арзиши асосӣ(2) дар авлавият қарор медиҳад. Он сатҳест, ки инсон нақши ҳаётӣ ва кафолатдиҳандаи давлатро дарк намуда, бо вуҷуди доштани манфиатҳои муайяни шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, сиёсӣ, минтақавӣ, моддӣ ва арзишӣ, онҳоро ҳаргиз аз ҷойгоҳу устувории давлат ва манфиатҳои милливу давлатӣ боло намегузорад. Яъне ҳифзу устувории давлат ва ҳифзи манфиатҳои олии миллию давлатӣ марзи муқаддас ё хатти сурхест, ки дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ дахлнопазирии он дар ҳар сурат нигоҳ дошта мешавад.

Албатта дар назари аввал чунин таъриф гоҳо ормонгароёна (идеалистӣ) намуда, гоҳо мисли як шиори идеологӣ садо медиҳад.

Аммо таҳлили амиқтари он нишон медиҳад, ки мавқеи давлатмеҳвар як сухани идеологӣ набуда, балки авҷи ақлгароӣ ва сатҳи муайяни такомули ҷаҳонбинист, ки расидан ба он на танҳо имконпазир, балки бисёр зарурист.

Хоса барои касоне, ки вориди майдони фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва фикрию иттилоотӣ гаштаанд.
Моҳияти ин мавқеъ ва бинишро дар чанд қадам бозкушоӣ менамоем:

1.ҶОЙГОҲИ МЕҲВАРИИИ ИНСОН ДАР СИЁСАТ ВА ДАВЛАТ
Агар ифтихори ғарбиён ин бошад, ки Арасту сиёсатро «санъати идоракунии ҷомеа» гуфтааст, мо метавонем бар он такя намоем, ки Форобӣ сиёсатро «фаъолият барои таъмини саодати башар» таъриф кард. Агар таърифи аввал хусусияти абзорӣ дошта, маҳз худи ҳунари тобеъгардониро, новобаста аз ҳадафу равиши он, муҳим донад, таърифи дуввум моҳияти арзишӣ дошта, маҳз ба саодат овардани башарро дар меҳвари сиёсат қарор медиҳад. Гарчӣ таърифи «саодат» ё хушбахтӣ ҳамеша баҳснок мондааст, аммо муҳим ин аст, ки ҳама гуна сиёсату фаъолият маҳз дар нисбати инсон ва дар меҳвари инсон сурат мегирад. Ташаккулу мавҷудияти давлатҳо низ аз сӯи инсон, бар меҳвари инсон ва барои инсон маъно доранд.

Ҳамин тавр, сиёсат, фаъолияти сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ ҳам аз назари мавзӯӣ ва ҳам аз диди ҳадаф инсонмеҳвар аст. Агар инсон набошад, на сиёсат маъно дораду на давлат. Ин аст, ки мавқеи давлатмеҳварӣ инсонро ҷудо аз давлат ва ё дар баробари давлат намегузорад, балки нақши давлатро ҳамчун офаридаи олии башар ва ниҳоди асосии хидматгузор барои инсон матраҳ менамояд.

2.ИНСОН ҲАМЧУН МАҶМӮАИ НИЁЗҲО ВА ИМТИЁЗҲО
Аммо агар мавзӯи ҳикмати классикӣ (фалсафа) асосан инсони мафҳумию интизоӣ бошад, мавзӯи сиёсат маҳз инсони зинда ва ҷомеаи инсонҳо бо маҷмуаи ниёзҳои моддию маънавии он аст, ки он шартан ба ниёзҳои моддӣ (талабот) ва ниёзҳои маънавӣ (арзишҳо) тақсим мешавад.

Зери ниёзҳои моддӣ маҷмуаи талаботи инсонҳо ба хӯрдан, нӯшидан, пӯшидан, саломатӣ, сарпаноҳ, амният, истироҳат, насловарӣ ва ғайра дар назар дошта мешавад. Аммо зери ниёзҳои маънавӣ ё арзишҳо маҷмуаи эҳтиёҷоти инсон ба ҳуқуқу озодиҳо, фарҳанг, зебоишиносӣ, илм, рушд, ҳувият, эҳсосот ва ғайра дар назаранд.

Аз ин рӯ, вақте дар илми сиёсат сухан дар бораи инсон меравад, пеш аз ҳама ҳамин маҷмуаи арзишҳои моддию маънавии ӯ дар назар аст.

Агар гӯем, ки инсон дар меҳвари сиёсат қарор дорад, ба он маъност, ки таъмини шоистаи маҷмуаи талаботи моддию маънавии инсон дар маркази сиёсат қарор дорад.

Ва ё агар гӯем, ки инсон мавзӯи асосии давлат аст, ба он маъност, ки таъмини шоистаи маҷмуаи талаботи моддию маънавии инсон мавзӯи асосии сиёсати давлат аст. Умуман, инсонҳо сиёсат ва давлатро маҳз барои он офаридаанд, ки ҳамин маҷмуаи ниёзҳои онҳоро ба шакли беҳтар мудирият ва таъмин намоянд.

Пас, дидгоҳ ва мавқеи давлатмеҳвар арзишҳои инсониро канор намегузорад ва онро дар баробари давлат ё ҳукумат дуввумдараҷа намешуморад, балки маҳз бар он таъкид мекунад, ки давлат ҳамчун ниҳоди кафолатдиҳанда дар таъмини шоистаи ин талаботи инсон чӣ нақши муҳимме дорад.

3.МАСЪАЛАИ ТАЪМИНИ НИЁЗҲО ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲО ДАР РАВАНДИ СИЁСӢ

Арзишҳои моддию маънавӣ, ки таъмини шоистаи онҳо ҳадафи аслии инсон ва меҳвари асосии сиёсат аст, дар асл омили асосии талош ва муҳаррики аслии рушд мебошанд. Тамоми ҳаракатҳои инсонҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фаъолиятҳои ҷисмонию маънавӣ, илмию истеҳсолӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ маҳз расидан ба ҳолати беҳтари таъмини ниёзҳои моддию маънавиро дар назар дорад. Ба масал, агар олиме доруе ихтироъ кунад, ҳадафи он маҳз беҳбуди вазъи инсон аст ва ё агар сиёсатмадоре дастоварде ваъда кунад, мақсади он ба ҳамон андоза боло бурдани вазъи таъмини инсон аст.

Гарчӣ ниёзҳои моддию маънавӣ талаботи табиии инсонанд, аммо дар раванди таърихӣ ва сиёсӣ бахше аз онҳо ба гунаи ҷудогона ташвиқу талқин шуда, ҳолати меҳварӣ ва муқаддасро мегиранд. Хусусан, падидаҳое чун дин, идеология, ахлоқ, анъана ва ғайра ба номусӣ ва муқададсшавии баъзе аз арзишҳо мусоидат менамоянд. Масалан, дарки инсонҳо дар бораи маҷмуаи ҳуқуқу озодиҳо аксаран ҳолати идеалӣ гирифта, ба мавзӯи асосии муборизаҳои миллӣ, синфӣ, иидеологӣ ва сиёсӣ табдил меёбанд.

Дар айни замон, аз сабабе, ки дар ҷомеаҳои инсонӣ ҳамеша ҳолати таъминношудагии ниёзҳои моддию маънавӣ ҷой дорад, доираҳои гуногуни сиёсӣ маҳз ҳамин ҳолатро маводи хоми муборизаи сиёсии худ қарор медиҳанд.

Ҳамин тавр, азми таъмини ниёзҳои моддию маънавии инсон ва ё ваъдаю сӯиистифода аз ҳолати таъминношудагии ин ниёзҳо ба мавзӯи асосии муборизаҳои сиёсӣ табдил мешаванд. Гарчӣ мубориза барои зиндагии шоиста ва ҳуқуқу озодиҳо моҳиятан муборизаи солим аст, аммо дар раванди амалии сиёсӣ гоҳо ин шиор ба пӯшиши фиребандае барои таъмини манфиатҳои доираҳои сиёсӣ табдил меёбад. Ин аст, ки гоҳо тамоми зиндагии оммаи мардум қурбонии чунин бозиҳои сиёсӣ дар атрофи «мубориза барои таъмиини ҳуқуқу озодиҳо» мегардад.

4.ДАВЛАТ ҲАМЧУН НИҲОДИ ТАНЗИМГАР ВА КАФОЛАТДИҲНАДАИ ОЗОДИҲО
Аммо чун талаботи моддию маънавии инсонҳо беинтиҳост, дар ҷомеаи азиндаи инсонӣ ва раванди сиёсати амалӣ чунин мушкила пеш меояд, ки марзи манфиату ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо то куҷост? Зеро тибқи усули маъмул, манфиату озодии яке дар марзи манфиатиу озодии дигаре маҳдуд мешавад ва таъмини озодии мутлақи касе танҳо аз ҳисоби маҳдудсозии озодии дигаре имконпазир аст.
Маҳз барои раҳоӣ аз ин гирдоби бениҳояти муборизаи байниҳамии манфиатҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо ва арзишҳо башарият ниҳоди танзимгареро бо номи давлат ихтироъ кардааст. Ҳанӯз аз шарҳи назарияҳои классикӣ ёд дорем, ки таъсиси давлат дар асоси «қарордоди иҷтимоӣ» сурат гирифтааст. Моҳияти ин назария чунин буд, ки инсонҳо номумкинии таъмини озодии мутлақ ва ҳамагониро дарк карда, баъзе аз ҳуқуқҳои худро ихтиёран ба давлат додаанд, то давлат бақияи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро таъмин кунад.

Албатта, чунин нишаст ва ё «қарордод» ҳаргиз сурат нагирифтааст, аммо ин ибора рисолат ва моҳияти вуҷудии давлатро ифода мекунад, ки баъзе аз ҳуқуқу озодиҳои инсонро салб карда, баъзеи дигарро таъмин мекунад.

Ба фарз, инсон аз баҳри 10 дарсади ҳуқуқҳои худ мегузарад, то он 90 фоизи боқимондаро дар шароити осуда озодона истифода намояд. Албатта, ин таносуб бояд ба ҳаде нарасад, ки давлат бештари ҳуқуқҳои шаҳрвандонро аз худ намояд, ки он ба таназзули ҷомеа ё ба таркиши иҷтимоӣ меанҷомад.

Таҷрибаи таърихӣ низ нишон додааст, ки он ҳуқуқҳои бунёдӣ ва заруратҳои ҳаётӣ, ки инсон ҳамеша дар пайи дастёбӣ ба онҳост, танҳо дар ҳолати мавҷудияти давлати устувор ва суботи пойдор татбиқ шуда метавонанд.
Давлат, ки бо мурури замон ба як ниҳоди хеле мукаммал табдил гаштааст, бо истифода аз чорчӯби қонун ва ниҳодинасозии субот на танҳо шароити таъмини ниёзҳои моддию маънавӣ, балки чатри ҳимояи онҳо аз таҳдидҳои дарунӣ ва беруниро ба вуҷуд меоварад. Ба масал, ҳамон қадаре, ки нақши давлат дар татбиқу гиромидошти арзишҳои миллӣ муҳим аст, ҳамон қадар дар ҳифзи ҳастии миллат аз таҳдиди берунӣ низ муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, мавқеи давлатмеҳвар маҳз дарки ҳамин воқеият аст, ки бо вуҷуди муҳимму муқаддас будани ниёзҳои моддию маънавӣ ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳо, таъмини онҳо дар фазои ормонӣ номумкин буда, маҳз дар шароити мавҷудияти давлати пойдор ва суботи устувор имконпазир мегардад.

  Ин аст, ки ин дидгоҳ давлатро на бартар аз ниёзу арзишҳо, балки ҳамчун зарфи нигоҳдоранда ва шароити зарурии татбиқи онҳо медонад. Дар ғайри ин сурат, онҳо ҳамчун орзую омоли ширин боқӣ хоҳанд монд.

(Агар фақат бо мақсади такмили фикр, ҳамин воқеиятро дар интихоботи президентии ахири Афғонистони ҳамсоя пайгирӣ намоем, дақиқан мебинем, ки нерӯҳои асосии сиёсии ин кишвар пас аз даҳсолаҳои ҷангу баҳсҳои шадиди ормониву арзишӣ болои лоиҳаҳои динию дунявию исломию демократӣ, дар ниҳоят ба масъалаи аҳаммияту авлавияти ниҳоди давлат ва суботи ҷомеа баргашта, ин бор барномаҳоли интихоботии худро маҳз дар ҳамин поя сохтанд: Ашраф Ғанӣ – тими «Давлатсоз», Абдулло Абдулло – тими «Субот ва ҳамгароӣ». Яъне мафҳумҳои арзишии «демократия», «ислом», «халқӣ», «парчамӣ», «озодӣ», «ҳуқуқ» ва ғайра дар барномаҳои интихоботии ин кишвари зоҳиран исломитарину демократитарину озодитарину гуногунандештарини минтақа ба сатҳи дуввумии эътиборӣ рафтанд. Дар натиҷа, болотарин ва муҳимтарин ваъдаи номзадҳо ба мардум на ислому на демократия, балки давлат ва субот буд. Яъне, сабақи ин бозгашту бозандешии мафҳумӣ дар Афғонистон ин аст, ки бе институтсионализатсия шудани давлат ва бе ниҳодина шудани субот татбиқи ҳеҷ тарҳу арзишу ормону идеология имконпазир нест.)

7.МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ШАКЛИ УМУМИШУДАИ МАНФИАТИ ШАҲРВАНДОН
Аммо давлат ҳамчун ниҳод мафҳуми бисёр фарогир буда, марзи ҳимояву тарзи тақвияти он барои шаҳрванд на ҳамеша рӯшан аст. Яъне, муайян кардани ин, ки кадом амали инсон боиси халалёбии иқтидор ва ҳастии давлат мешавад, кори осон нест. Ин аст, ки дар бисёр мавридҳо инсон дар пайи мубориза барои арзишҳои барҳаққи алоҳида, нохудогоҳ ба давлат зарба ворид мекунад. Яъне, на ҳамаи касоне, ки амали онҳо гоҳо боиси заъфи давлат мешавад, душмани онанд, балки дар аксари мавридҳо ин амал аз надоштани салоҳияти ташхиси пайомадҳои амали мушаххаси худ сурат мегирад.

Аз ин рӯ, барои рӯшантар ва қобили ҳисс шудани хатҳои сурху марзҳои муқаддас, дар сиёсати амалӣ мафҳумҳои манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ истифода мешавад. Мутаассифона, чӣ будани манфиатҳои миллӣ ва ё давлатӣ низ дар мумҳити илмӣ басе баҳснок буда, сиёсатшиносон даҳҳо таърифи онро ироа кардаанд. Аммо аз таҷрибаи тӯлонии таълими мафҳуми манфиатҳои миллӣ дар доираҳои гуногун, хулосаи банда ин аст, ки дар баробари таърифҳои абстракти академикӣ, истифодаи таърифи кории «манфиатҳои миллӣ» бисёр муфиду муассиртар мебошад. Яъне, муҳим нест, ки шогирд ё шаҳрванд таърифи илмии «манфиатҳои миллӣ»-ро азёд донад, балки муҳим ин аст, ки моҳияти он ва маҷмуаи арзишҳои ташкилдиҳандаи онро дарк кунад.
Ҳамин тавр, дар таърифи кории «манфиатҳои миллӣ» мо, пеш аз ҳама арзишу марзҳои зенринро ворид менамоем:

-ҳифзи истиқлолияти сиёсии кишвар;
-ҳифзи ягонагии ҳудудии кишвар;
-ҳифзи низоми сиёсии кишвар;
-ҳифзи устувории давлат ҳамчун ниҳоди идориву сиёсӣ;
-ҳифзи амнияти миллии кишвар;
-ҳифзи сарватҳои табиӣ ва амнияти экологии кишвар;
-ҳифзи вуҷуди биологӣ ва этнофарҳангии миллат;
-ҳифзи арзишҳои ҳувиятии миллӣ, аз ҷумла забон;
-ҳифзи ваҳдат ва суботи дохилии кишвар;
-таъмини ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шаҳрвандон;
-таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ғ.

(Бандҳое чун «ҳифзи вуҷуди биологӣ ва этнофарҳангии миллат» ва «ҳифзи арзишҳои ҳувиятии миллӣ, аз ҷумла забон» бо он мақсад ворид шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамчун давлати миллии тоҷикон таъсис шуда, бе иҷрои ин рисолат моҳияти миллии худро аз даст медиҳад.)

Ҳамин тавр, агар барои мо дарку риояти марзҳои «ҳимояи давлат» ва «манфиатҳои миллӣ» мушкил бошад, мо метавонем дар ин масъала аз чунин ҷадвал ё таърифи кории соддашудае истифода намоем. Яъне, ҳар мавқеъ ва ҳар амале, ки ба яке аз ин арзишҳои зикршуда таҳдид эҷод мекунад, таҳдид ба манфиатҳои миллӣ ва давлатист.

Ё марзи озодиҳо ва ҳуқуқи фаъолиятҳои мо то ҷоест, ки ин аслҳоро нақз ва помол накунад. Зимнан, риояти ин меъёр ва хатти сурх на танҳо барои шаҳрвандон, балки барои ҳукуматҳо низ ҳатмист. Дар шароити давлатҳои миллӣ ҳукуматҳо то ҳамон вақт миллӣ ва худӣ ба ҳисоб мераванд, ки ин маҷмуаи арзишҳо, яъне «манфиатҳои миллӣ»-ро риоят намоянд.

8.АҚЛОНИЯТ ВА МАНФИАТ ДАР МАВҚЕИ ДАВЛАТМЕҲВАР
Як хусусияти асосии дидгоҳи давлатмеҳвар моҳияти ақлонӣ доштани он аст. Яъне, он ҳаргиз абстракт ва хаёлӣ набуда, дараҷаи олии дарки ақлонии ин воқеият аст, ки бе вуҷуди давлати пойдор ва суботи устувор татбиқи ҳеҷ гуна тарҳу таълимоти арзишӣ имконпазир нест. Баръакси ин, талошҳои арзишмеҳвар барои дастрасӣ ба ҳуқуқу озодиҳо, ки бе назардошти устувории давлат ва ниҳодина шудани субот пеш бурда мешаванд, хусусияти ормонгароёна дошта, дар аксари маврид ба таъмини воқеии ниёзҳои моддию маънавии ҳамагонӣ намебаранд. Зеро дастрасӣ ба ин ормони бузург бе доштани давлати қавӣ ва суботи устувор номумкин мебошад.

Хусусияти дигари тафаккури давлатмеҳвар фарогири манфиати ҳамагон будани он аст. Яъне, агар манфиати ҳар шаҳрванд, яъне дастрасии ӯ ба таъмини тамоми ниёзҳои моддию маънавӣ, дар алоҳидагӣ гирифта шавад, ҳаргиз таъмини он муяссар намегардад.

Аммо дидгоҳи давлатмеҳвар сатҳеро дар назар дорад, ки аз тариқи давлат чун ниҳоди танзимгар ва кафолатдиҳанда, таъмини ниёзҳои моддию маънавии ҳамагонро имконпазир менамояд.

Пас, дар мавқеи давлатмеҳвар манфиати умумишудаи ҳамагонӣ нуҳуфтааст, ки зери он манфиати ҳар инсон ва шаҳрванд низ татбиқ мегардад. Ин аст, ки дидгоҳи давлатмеҳвар моҳиятан дидгоҳи инсонмеҳвар аст ва роҳи дурусти таъмини саодати инсонро нишон медиҳад.

РӮШАНФИКРӢ ВА ДАВЛАТМЕҲВАРӢ
Аммо дар ин самт мушкилтарин масъалаи муҳити фикрию сиёсии Тоҷикистони муосир тазоди ошкори мавқеъҳои «рӯшанфикрӣ» ва давлатмеҳварӣ мебошад. Албатта ин тазод дар шакли бархӯрди равишҳои арзишмеҳварӣ ва ниҳодгароёна дар тамоми ҷомеаҳо мушоҳида мешавад, аммо дар мисоли Тоҷикистон он ҳолати барҷаста ва гоҳо харобиовар гирифтааст.

Моҳияти ин тазод дар он аст, ки бештари рӯшанфикрону ислоҳталабони мо маҳз аз равиши арзишмеҳвар пайравӣ карда, ё дар сатҳи арзишмеҳварӣ қарор дошта, худи арзишҳои моддию маънавиро дар алоҳидагӣ пайгирӣ, талқин, ситоиш ва барҷаста мекунанд. Яъне, аксари онҳо худи озодӣ, ҳуқуқи башар ё арзишҳои номусиро берун аз матни замону макон ва ҷудо аз воқеияти таърихиву сиёсӣ тасаввур карда, ба татбиқи мутлақ ва бе чуну чарои онҳо аз сӯи давлат таъкид мекунанд, ки он ба бархӯрди дардноки рӯшанфикрӣ бо сиёсат ва воқеият меанҷомад.

Ин аст, ки гоҳо рӯшанфикрии эътирозӣ ва шиори «бархез, эй миллат»-и он ба омили тахрибгари суботи сиёсӣ ва низоми давлатӣ табдил ёфта, гоҳо муҳити шӯришӣ ба вуҷуд меорад, ки он на ба инқилоби огоҳонаи иҷтимоӣ, балки ба «шӯриши ғуломон» ё бетартибии азим мебарад.

Барои қиёс, ҷудо аз шароити таърихӣ, воқеияти ҷамъиятию сиёсӣ ва ва ҷудо аз фарҳанги мардумсолорӣ барҷаста ва талқин кардани «озодӣ» мушобеҳи ҷудо аз контексти маърифати исломӣ таблиғ намудани «ҷиҳод» аст, ки агар ин боиси ташаккули ифротгароии доишӣ шавад, он боиси шаклгирии анархизми назмшикан мегардад, ки ҳеҷ яке нерӯи солиму созанда нест.

Дар арзёбии ин равиш ҳамин ишорат кофист, ки бе назардошти устувории давлат ва таъмини субот сухан гуфтан аз ҳуқуқу озодиҳо мисли он аст, ки бе назардошти боғу дарахт танҳо аз ҳосил сухан гӯем. Дар ҳоле, ки на боғ бе ҳосил маъно дорад ва на ҳосил бе боғ имкон дорад.

Вижагии дигари фазои иттилоотию сиёсии мо ин аст, ки «зиёӣ» ва «рӯшанфикр» ҳатман шахси ғайриқолабӣ (ҳатто дар зоҳир, либос ва рафтор), берун аз низоми идории давлатӣ, озоду ғайривобаста ба меъёрҳо тасаввур шуда, муҳимтарин рисолати ӯ танқиди низоми сиёсӣ ва доштани мавқеи мухолиф бо ҳукумат дониста мешавад.

Ба гунае, ки агар чанд нафареро бо номи рӯшанфикр эътироф дошта бошем, корнома ва ифтихори аксарашон ин аст, ки «бо ҳукумат зид баромадаанд».

Аммо дар солҳои охир раванди дигаре мушоҳида мешавад, ки баъзе зиёиёни мо бештар дар сурати ранҷидан аз низом ё «қадрдонӣ нашудан» аз сӯи ҳукумат якбора «ислоҳталаб» мешаванд, ки ин на рушди фикрӣ, балки вокуниши ранҷишӣ ва мавқеи сиёсист.
Ҳамин тавр, дар муҳити рӯшанфикрии шӯришӣ худи нафрат ба ҳукумат ва нақди шадиди низоми сиёсӣ як меъёр шуда, ҳатто касоне, ки дар ин мавқеъ қарор надоранд, аз сӯи онҳо бо унвонҳои ҷонибдори режим, чоплус, лагандбардор ва ғайра доварӣ мешаванд.

Дар айни замон, гурӯҳҳои ифротии динӣ ва сиёсӣ, ки худ дар асл душмани ашадии ғоявии ин рӯшанфикрон ҳастанд, аз мавқеи мухолифи ҳукумат доштани онҳо дар муборизаи сиёсии зиддиҳукуматии худ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ифротгароён ҳатто талош доранд, ки бо пинҳон шудан пушти номи чанд «рӯшанфикр» чеҳраи хашини худро низ то ҷое маданиву дунявӣ нишон диҳанд. Ва баъзе «рӯшанфикрон» низ бинобар фақри имкону майдон ва бинобар бехабарӣ аз дурнамои он, истифода шуданшон аз сӯи ифротиёнро оромона, балки бо ваҷд қабул менамоянд.

Дар чунин муҳит, шарҳу баёни мавқеи муътадили давлатмеҳвар ниҳоят душвор буда, баръакс, аз диди сиёҳусафед ҳамчун назарияи «ҷонибдори ҳукумат» фаҳм ва танқид мешавад. Зеро дар муҳити рӯшанфикрии тоҷикӣ, ки ҳанӯз ба сатҳи давлатмеҳварӣ нарасидаву асосан пойбанди равиши арзишгароёна аст, нигоҳу дидгоҳҳи ниҳодгароёна ҳанӯз қобили қабул нестанд. Меъёри дурустию нодурустии ҳар назару назария пеши онон ин аст, ки то чи ҳад ҳукуматро танқид кардааст ва ё «ҳақиқатро гуфтааст».

Аз сӯи дигар, набудани пазириши зарурӣ аз дидгоҳҳои давлатмеҳвару ниҳодгаро дар сатҳи низоми сиёсӣ низ тарғиби чунин назарияҳоро мушкил месозад. Бинобар ин, имрӯз таваҷҷуҳ ба тафаккури давлатмеҳвар на танҳо барои рӯшанфикрон, балки барои хизматчиёни идорӣ низ басе муҳим аст.

Ҳамин тавр, яке аз ислоҳоти асосие, ки бояд дар муҳити фикрии тоҷикӣ амалӣ шавад, аз байн рафтани тасаввури харобиовар дар бораи ҳатман ғайриқолабӣ, ҳатман мухолифи давлат ва ҳатман берун аз низоми сиёсӣ будани «зиёӣ» ва «рӯшанфикр» аст.

Баръакси ин, бояд дар ҷомеаи мо қишри зиёӣ ва рӯшанфикре шакл гирад, ки тафаккури устувори давлатмеҳвар ва ниҳодгароёна дошта, на танҳо машғули танқид аз берун, балки бо пазируфтани масъулияту саҳмгузорӣ дар ислоҳи вазъият дар дохили низом ва дар матни ҷомеа қарор дошта бошад.

МУШКИЛИВУ ОСОНИИ «РӮШАНФИКРӢ»

Албатта, банда ба он чанд рӯшанфикри башуморе, ик имрӯз дорем, эҳтироми зиёд мегузорам ва аксари онҳо аз дӯстону қадрдонони ман низ ҳастанд. Аммо дар бораи тафовути равишҳо, ки фаротар аз дӯстиву эҳтиром аст, бояд гуфт, ки интихоби равиши рӯшанфикрии танқидӣ имрӯз кори мушкиле нест. Хусусан, дар берун аз низом, балки берун аз кишвар нишастану ҷомеаи мо чунину ҳукумати мо чунон аст гуфтан заҳмати зиёде наметалабад.

Хоса бо таваҷҷуҳ ба ин, ки аксари ин рӯшанфикрон мо на ба нақди бунёдиву таҳлили систематики ҷомеа ва низоми сиёсӣ, балки ба танқиди содаю ибтидоии (примитивии) ҳукумат ва иқдому масъулони алоҳидаи он машғуланд. Масалан, агар бахши эҳсосии онро ҳазф кунем, имрӯз танҳо дар баъзе навиштаҳои Меҳмоншоҳ Шариф ва Ҳафиз Бобоёрзода метавон бо намунаи нақдҳои бунёдиву арзишӣ рӯбарӯ шуд.

Аз тарафи дигар, бахши авомгарои ҷомеа маҳз мавқеъҳои интиқодиро бисёр гарм истиқбол намуда, «рӯшанфикрон»-и интиқодгарро зуд ба қаҳрамони осони худ табдил медиҳад.

Фаҳми омиёнаву фейсбукӣ ин аст, ки фалонӣ «ҳақиқатро гуфт», пас инсоне бузург аст! Ҳамин тавр, имрӯз осонтарин кор мухолиф будану интиқод кардан аст, зеро ҳам масъулияте надорад, ҳам шуҳрату эҳтироми муфт меорад ва ҳам гоҳо дар хориҷа шароити зарурии будубошро таъмин мекунад.

Аммо равиши мушкилтари рӯшанфикриву ислоҳталабӣ ҳамеша ин будааст, ки рӯшанфикр дар матни ҷомеа ва дар худи низом боқӣ монда, барои такмили он ва барои ҳалли беҳтари масъалаҳои ҷомеа саҳм гузорад. Бинобар ин, имрӯз дар дохили кишвар қишри васеи зиёиву рӯшангарони дихилие фаъолият доранд, ки дар ташаккули фарҳанги миллӣ, дар офариниши арзишҳо ва меъёрҳои ҷомеа ва дар ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳимми кишвар саҳми ҷиддӣ мегузоранд. Барои онҳо интиқоду шуҳрат муҳим нест, балки ислоҳу беҳбуди вазъ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва такмили мудовими низоми сиёсию давлатӣ муҳимтар аст.

Тафовути ин ду нақшро дар муқоисаи рисолати рӯшанфикрони бузурги рус Солженитсин ва Примаков дидан мумкин аст. Солженитсин роҳи аввалро гирифт ва ба интиқоди низом пардохт ва ҳабсу муҳоҷир шуду дар хориҷа ҷойгоҳ ёфт ва яке аз рамзҳои дигарандешии шӯравӣ гашт. Ин намунаи равиши арзишмеҳвар аст. Аммо Примаков, ки равиши ниҳодгаро дошт, дар низоми сиёсӣ монд ва барои такмили он талош кард ва дар марҳилаҳои мушкилтарини таърихӣ масъулиятҳои калидии давлатӣ гирифт ва дар наҷоти давлатдории рус рисолати ҷиддӣ анҷом дод. Банда нақши ҳеҷ якеро инкор намекунам, аммо тафовути ин ду нақшро бояд дарк намуд.

Дар таърихи давлатдории миллии худ низ намунаҳои барҷастае аз рӯшанфикрони хирадмеҳвару ниҳодгарое чун Бузургмеҳри Ҳаким, Балъамиён, Ҷайҳонӣ, Утбӣ, Низомулмулк ва ғайраро дорем, ки маҳз давлатмеҳвар андешидаву дар таркиби низоми сиёсӣ мондаву боиси такмилу таъдили он гаштаанд.

Бузургоне чун Айнӣ, Ғафуров, Турсунзода, Осимӣ ва ғайра низ рисолати бузургии миллию рӯшангарии худро маҳз дар матни ҷомеа ва дар дохили низоми сиёсӣ ба ҷой овардаанд…

Пас, дар шароити имрӯза барои зиёӣ ва рӯшанфикр осонтарин кор мухолиф будану танқид кардану шуҳрат ёфтану ситора шудан аст. Ва мушкилтарин кор мондану барои ҷомеа ҳатто гумномона хизмат кардану дар ҳалли масъалаҳо ва дар такмили низоми сиёсӣ ва тақвияти давлат саҳм гузоштан аст. Мавқеи давлатмеҳвар шаҳрванд ва хусусан, зиёиёни миллиро ба роҳи дуввум ҳидоят мекунад. Мондан, хидмат кардан, ислоҳ кардан, роҳи ҳал додан, такмил додан. Гарчӣ мушкилоту риски ин роҳ низ бисёр бузург аст.

Ҳамин тавр, дидгоҳи давлатмеҳвар на назаре мухолиф бо рӯшанфикрӣ, балки дар асл сатҳи болотар ва ақлонишудаи ҳамон рӯшанфикрист. Яъне, дар ҳоле, ки рӯшанфикрии интиқодӣ асосан ба аҳаммияти худи ниёзу арзишҳои башарӣ таъкид менамояд, тафаккури давлатмеҳвар бо коргирии дидгоҳи ҷомеъ ва равиши ниҳодгароёна, илова ба эътирофи ҷойгоҳи ҳуқуқу арзишҳо, ҳамчунин шароиту роҳу механизми татбиқи онҳоро низ дар назар дорад. Ва ин шароиту ин механизм маҳз давлати пойдор ва суботи устувор аст. Ин аст, ки мавқеи давлатмеҳвар моҳияти созанда ва суботофар дорад.

НУКТАИ ПОЁНӢ
Ҳамин тавр, агар боз ба саволҳои муқаддимаи ин навишта баргардем, метавон дид, ки сабабу ҳадафи ҳамаи навиштаҳои ҳамаи муаллифон ҳатман «наздикшавӣ ба қудрат», «маҷбурию супоришӣ», «дарёфти маблағу имтиёз» ё «душманӣ бо ину он тараф» нест, балки як зиёӣ, рӯшанфикр ва мутахассис метавонад ҳадафҳои басе васеътар аз ин пиндорҳо маъмулшудаи фазои сиёсию иттилоотии мо дошта бошад. Аз ҷумла, дар тафаккури давлатмеҳвар ҳадафи аслии ҳамаи навиштаҳо таъкид бар аҳаммияти меҳварии ниҳоди давлат, муттаҳидсозии тамоми ҷомеа ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи давлат, таъкид бар корбурди равиши ниҳодгароёна ва парҳез аз осебрасонӣ ба давлат ва манфиатҳои миллӣ мебошад.

Зеро, тавре шарҳ шуд, моҳияти асосии тафаккури давлатмеҳвар ин аст, ки бе доштани давлати устувор ва бе таъмиини суботу амнияти пойдор ҳеҷ тарҳи арзишӣ, бо вуҷуди муқаддассу гиромӣ буданаш, таҳаққуқ намеёбад ва ҳеҷ ҳуқуқу озодӣ, бо вуҷуди заруриву ҳаётӣ буданаш, ба сурати шоиста таъмин намегардад. Ин аст, ки ин назария давлатро ҳамчун ниҳоди танзимгар ва кафолатдиҳандаи таъмини ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи ҳамаи тарҳу ормонҳои инсон дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Ҳақиқате, ки таърихи зиндаи башарӣ то имрӯз ғайри онро исбот накардааст.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.