Абдунабӣ Сатторзода дар мизони манфиатҳои миллӣ

Чаро зодрӯзи Абдунабӣ Сатторзода ҷашни худҷӯши миллӣ шуд?
Чаро донишҷӯён барои ӯ шӯриш карда буданд?
Кадом санадҳои сулҳи тоҷикон дар шакли дастхати Сатторзода имзо шудаанд?
Супориши Президент дар бораи ӯ чӣ буд?
Чаро Саторзода як намоди ҳувияти миллист?
Оё таъсиси Бунёди сулҳи тоҷикон дер шудааст?
Ҷойгоҳи миллию ҷамъиятии А.Сатторзода чист?
Чаро сабки сухани Сатторзода бояд умумимиллӣ гардад?
Эшон намояндаи кадом гурӯҳи сиёсист?
Чунин саволу масъалаҳову ногуфтаҳо дар ёддошти табрикию таҳлилии шогирдонае дар ҳошияи ҷашни 80-солагии устод Абдунабӣ Сатторзода матраҳ шудаанд.
***
ЗОДРӮЗЕ, КИ ҶАШНИ МИЛЛАТ ШУД
Инак чанд ҳафта аст, ки расонаву сомонаву шабакаву саҳифаҳо аз устод Абдунабӣ Сатторзода мегӯянд. Дӯстону шогирдон, ҳамсабақону ҳамқаламон, ҳамкорону ҳамсолон, ҳамдилону ҳамзабонон аз хислату хидмату шахсияту фазилатҳои устод менависанд. Аз Душанбеву Хуҷанду Хатлону Рашту Бадахшон, аз Самарқанду Бухорову Кобулу Теҳрон, аз Москаву Остонаву Бишкеку Ереван ва аз Вошингтону Порису Берлину Лондан мавҷ-мавҷ эҳсосу паёмҳои табрикӣ мерасанд. Ҳама муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳтиром, эътироф, ифтихор, ҳама хотираи зебо, ёдоварии нек, лаҳзаҳои ноб, арзёбии баланд. Ҳама таълиф, таҳқиқ, таҳлил; дар ҳаҷми саҳифа, мақола, рисола. Байт, рубоӣ, ғазал, қасида, достон…
Раванде, ки на касе онро сохтаву на касе ҳамоҳанг намуда. Раванде, ки ба таври худҷӯшу табиӣ аз замири ҳар шогирди боихлос ва ҳар тоҷики худшинос мавҷ задааст. Сипоси як миллат барои як умри заҳмат, эътирофи як миллат барои мавқеъ ва шахсият, арҷгузории чанд насли як миллат барои рӯшаниву тарбият.
Ин аст, ки ҷашни як шахсияти миллӣ ба худии худ мавзӯъ мешавад, матраҳ мешавад, ҳамагонӣ мешавад, ҷашнвора мешавад, ба ҷашни як миллат табдил меёбад. Ҳатто бе қарору кумитаи ташкиливу барномаи расмӣ. Чуноне, ки ҷашни мубораки устод Сатторзода чунин шуд. Ва шояд ҳамин мавҷу миқёсу манзара кофист, ки шахсияту азамату хидмату вусъати устод дарк шавад, аммо рӯи масъулияти миллӣ ва қарзи шогирдӣ онро андаке бозкушоӣ мекунем. Ба сабки озоди дарсҳои худи устод.
ШАХСИЯТИ ФАРОСОҲАВӢ
Агар дарёи табрику таҳсину таҳқиқу таҳлилро, ки дар атрофи ин ҷашни бузург рехта шуд, аз диди мавзӯӣ дастабандӣ намоем, аз он шахсияти А.Сатторзодаро чуни устоди бузурги чандин самту соҳаву фанну фаъолият дармеёбем, ки дар ҳақиқат чунин аст. Ин аст, ки ҳар дӯсту шогирду муриду ҳамкору ҳамдилу ҳамзабон шинохту дарёфти худро баён намудаву ҷойгоҳи устодро дар самту соҳаи худ бозкушоӣ кардааст. Чуноне, ки ҳар қатраи шабнам офтоби худро бозтоб мекунад, ҳар шогирд устоди худ ва ҳар муаллиф Сатторзодаи худро ёфтаву гуфтаву сутудаву сурудааст.
Ба гунае, ки забоншиносон забони ӯро гуфтаанду адабиётшиносон адабиёташро, сабкшиносон сабкашро омӯхтаанду матншиносон матнашро, фарҳангиён фарҳангашро пажӯҳидаанду таърихнигорон таърихашро, шеършиносон шеърашро таҳлил кардаанду насршиносон насрашро, сиёсташиносон сиёсатшро дидаанду дипломатҳо фаросаташро, зебоишиносон ҳусни зоҳиру ботинашро сутудаанду ошиқон озодагиву ошиқияшро…
Чунин аст мафҳуми шахсияти ҷомеъ ва фарогир, мафҳуми устоди фаротар аз самту соҳаву мавзӯъ, устоди кулл. Устоди чанд фаслу чанд насли як миллат!
УСТОД САТТОРЗОДАИ МАН
Дар сафи бешумори шогирдони устод Сатторзода, шогирдии банда низ номиву эҳтиромӣ нест, балки он тӯли 30 сол, аз курсии донишгоҳ то худи ҳамин пагоҳ идома ёфтааст ва меёбад: дар даврони донишҷӯӣ, дар раванди музокироти сулҳу оштии миллӣ, дар фаъолияти хидматӣ, дар Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар муҳити илмию ҷамъиятӣ ва ғ… Ин аст, ки банда низ чун дигарон Сатторзодаи худ, яъне шинохту бардошти худро аз шахсияту фазилатҳои устоди гиромӣ дорам, ки қатрае аз ин дарёро ин ҷо мегузорам. Хоса нуктаҳоеро, ки камтар гуфтаву кушода шудаанд.
Рӯшантарин хотираи ҳар донишҷӯи устод худи дарсҳои эшон аст. Дарси озод, зинда, рӯшан, равон. Гарчи ҷузвдони профессории эшон ҳамеша пур аз китобу дафтару ёддошт буд, аммо дарсҳояшон ҳаргиз коғазию қолабӣ набуданд, балки бо шаҳомати хосу иҳотаи азиму салоҳияти комил дар фанну мавзӯъ онро пешкаш мекарданд.
Ин буд, ки он дарсҳо фақат дарси таърихи адабиёт набуданд, балки мактаби сухану фарҳанг, адабу маърифат, ҳушёриву бедорӣ ва ҳувияту асолати миллӣ низ буданд.
Ин буд, ки шогирдону гурӯҳҳову ихтисосҳо барои дарси устод дар рақобат, балки дар набард қарор доштанд.
Ва гуфтанист, ки аввалин «шӯриш»-у «инқилоб»-и банда низ барои дарси устод Сатторзода буд. Шояд моҳи аввали соли дуввуми таҳсил буд, ки пас аз қонеъ нашудани номаҳои ҷамъӣ ва талабҳои такрорӣ барои ба онҳо дарс гуфтани устод Саттрозода, донишҷӯёни гурӯҳҳои «а» ва «б»-и факултаи филологияи тоҷик даст ба эътирозу «шӯриш» заданд ва аз иштирок дар дарси муаллими дигар саркашӣ карданд. Банда низ чун донишҷӯи фаъоли онрӯза, яке аз муаллифони он мактуб ва яке аз фаъолони он «шӯриш» будам.
Он муаллими марҳум, ки шахсан пеши рӯҳи бузургашон узрхоҳам, низ инсони хубу устоди куҳансоли собиқадор буданд, аммо дар он муҳити бедорӣ донишҷӯёни ташнаи сатҳу дарсу сухани наву зиндаву озод маҳз ба дарси устод Сатторзода исрор доштанд.
Вазъият бисёр печида гашту дар он чанд рӯз аз шахсу сатҳу ниҳодҳои гуногун пайваста насиҳату миёнаравию фишору таҳдиду ташвиқ мерасид, ки эътироз қатъ шавад. Аммо чун замони бозсозӣ буд, «шӯриш»-и мо пирӯз шуду бо тағйири тамоми ҷадвал дар гурӯҳҳои мо низ дарсҳои устод Сатторзодаро гузоштанд. Гарчи сипас аз чанд ҷой сарзанишу ҷазоҳо низ дидем, аммо лаззату саодату баракати шогиридии устод ба ҳама ҷазову сазо
меарзид.
Он дарсҳои устод ба ҳадде тозаву ҷолибу муассир буданд, ки матну мавзӯи баъзе аз онҳо дар ин 30 соли дароз ҳам аз ёдам нарафтааст, аз «парадоксҳои Хаём» то «чандмаъноии шеъри Ҳофиз»… Бе гумон, ин камоли маҳорати устод ва камоли саодати шогирдон аст…
МЕЪЁРИ ЗАБОНУ БАЁНИ РАВОН
Фазилати бемисли дигари устод забону баёни хосаи эшон буду ҳаст, ки ҳамагон аз он навиштаанд. Мо аз дурдасти донишҷӯйӣ то имрӯз ҳамин сабку равиши суханро шунида омадаем, аммо такрори онро ҷое надидаем. Шахсе, ки бар адабу сухан тасаллути том дошта бошаду бо чунин озодиву равониву тамкин сухан гӯяд. Устоде, ки хорои сухан дар кафи ӯ чун мум нарм гардад.
Суханварии устод дар сатҳи тамоми азамати ҳавзаву тамаддуни форсист ва ин сатҳу равиш чи дар Душанбеву Хуҷанду Хатлон, чи дар Теҳрону Шерозу Исфаҳон, чи дар Кобулу Ҳироту Бомиён ва чи дар Самарқануд Бухорои бостон ва чи назди порсигӯёни Порису Лондон фаҳму таҳсину истиқбол мешавад. Дар айни замон, ин равишу баён камолу қудрату зебоии форсии Фарорӯд ё забони адабии тоҷикиро ба намоиш мегузорад. Хоса наворҳои шоҳномахонии устод, ки дар хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон маҳфузанд, як мактаби эҳсосу санъати сухананд.
Аммо, гарчи худи гуфтори устод саропо ҳунар аст, он на суханварии саҳнавии як ҳунарпеша, балки басе бартар аз ин мафҳум мебошад. Он рӯди равонест, ки аз худи сарчашмаи донишу хирад ва аз авҷи салоҳияти худи соҳибсухан берун мерезад. Ва ҳамин омезиши мавзуни донишу сухан аст, ки ҳар суханронии устодро ба як асари тамом табдил мекунад. Чи дар боби забону адаб бошаду чи дар боби фарҳангу ҳувият ва чи дар боби илму сиёсат…
Аз ин рӯ, сазост, ки наворҳои савтию тасвирии суханрониҳои устод Сатторзода дар шабакаҳои саросарии кишвар пайваста нашр шаванд ва дар мактабу маҳфилҳо пайваста пахшу таълим гарданд, то насли навин омезиши мавзуни хираду сухан ва мақоми соҳибзабонию соҳибсуханиро биёмузад. То сактаву гиреҳҳои афзояндаи забону баёни мо суфта гарданд. Ва агар сатҳи камолу шеваи равони сухани устод Сатторзода сатҳу сабки адабии умумимиллӣ гардад, мо ба шукӯҳу асолату саломати забони шевою тавонманди худ пайванди бештар меёбем, мо, фарзандони мо, забони мо, фарҳанги мо, миллати мо фақат бурд мекунад. Бурди бисёр бузург.
НАМОДИ ЗИНДАИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Устод Сатторзода танҳо муҳаққиқу донандаи ҳувияти миллӣ нест, балки соҳибу намунаву барандаву дорандаи он низ ҳаст. Ин ду мақом ду ҳолати комилан мутафовитест, ки фарқи онро бояд шинохт. Намунаи аввал касоне ҳастанд, ки дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ мегӯянд, менависанд, конфронс мегузаронанд, ҳимоя мекунанд. Барои яке ҳувияти миллӣ мавзӯи кори идорӣ ва барои дигаре мавзуи кори илмист. Аммо гоҳо худи андеша, забон, зиндагӣ, ормонҳо ва воқеияти онон аз андешаву арзишҳои миллӣ бисёр дур аст. Чунинон фақат корманди соҳа ва мавзуъ ё донандаи назариявии арзишҳо ва ҳувияти миллиянд, агар чунин ҳам бошанд.
Аммо намунаи дигар касонеанд, ки худ барандаи арзишҳои миллӣ, дорандаи ҳувияти миллӣ ва пораи зиндае аз пайкари арзишию ҳувиятии миллатанд. Чунончи устод Сатторзода, ки дар сатҳи арзишҳо, тафаккур, худшиносӣ, мавқеъ, забон, фарҳанг, адаб худ як намунаи ҳувият, балки як намоду муҷассами зиндаи ҳувияти миллист. Инон на танҳо метавонанд дар бораи ҳувият бигӯяндуи бинависанд, балки инон худ ҳувиятанд. Ва маҳз инон ҳастанд, ки бо вуҷуду ҳузури худ ҳувиятро зинда медоранд, бозтавлид менамоянд, нашр мекунанд, холису суфта месозанд.
Чунин сатҳу ҳолати зиндаи соҳибҳувиятӣ дар шахс фақат бо касби ҳаҷме маълумоти китобӣ дар боби шохисҳои ҳувияти миллӣ ва такрори мошинии он ҳосил намешавад. Балки дар сурате шакл мегирад, ки огоҳии комил аз таъриху фарҳанги миллат(1), шинохти рӯшани илмӣ аз низоми арзишҳои миллӣ(2), дарки ҳиссии сарнавишту фоҷеаи миллат(3), арзёбии сиёсию ҷамъиятии арзишу омолу манфиатҳои миллӣ(4) бо муборизаву таҷрибаи амалии фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ(5), тарбияти ҳисси эътиқодгуна ба ин арзишу манфиатҳои миллат (6) ва сарнавишти шахсии фарди соҳибҳувият(7) омезиши мавзуну унсурӣ пайдо кунанд.
Аз ин рӯ, дар ин марҳилаи эҳёву бозсозиву такмили ҳувиятӣ, ки ҳоло ба сар мебарем, басе муфид мебуд, ки маҳз касони зиндаҳувияте чун устод Сатторзода барои мо ҳувият омӯзанд ва андешаю ҳувияти миллии моро тармиму такмил созанд. Болотар аз ин, зарур аст, ки гурӯҳу ниҳодҳои ҳувиятнависи мо чеҳраҳое чун Сатторзодаро мавзӯи омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳанд, чунин моделҳои ҳувияти суфтаву такмилёфтаро сабти илмӣ намоянд. Воқеияти наслҳои нави мардумро бо воқеияти онон пайванд диҳанд. Дар ин сурат низ ҳамаи мо, ҳувияти мо, миллати мо бурди бузург хоҳад дошт.
ДАСТЕ, КИ ПЕШНАВИСИ СУЛҲРО НАВИШТААСТ…
Дар раванди сулҳи тоҷикон низ устод Абдунабӣ Сатторзода дар сатҳу шаклҳое чун муколамаи байни тоҷикон (гуфтугӯи мағзҳо дар доираи муколамаи Дортмуд), музокироти тӯлонии сулҳ, Комиссияи оштии миллӣ, зеркомисияи муштараки назорат бар оташбас, лоиҳаҳои таҳлилу омӯзиши минбаъдаи таҷрибаи сулҳ ва нашру тадриси он саҳми ҷиддии худро гузоштаанд. Аз ин рӯ, масъалаи саҳму нақши эшон дар ин раванд метавонад мавзӯи як пажӯҳиши комил бошад. Аммо чун имрӯзҳо дар ин боб назару навиштаҳои зиёде нашр гаштанд, ин ҷо низ бо афзудани чанд нуктаи бештар ногуфта кифоят мекунем.
Аввалан, як бахши бузурги санадҳои раванди таърихии сулҳи тоҷикон ва коргузории Коммссияи оштии миллӣ бевосита маҳз бо дасти устод Сатторзода навишта шудааст ва нусхаи аввали онҳо маҳз бо хатти эшон аст. Хусусан, бештари лоиҳаҳои мактубҳо, изҳоротҳо, баёнияҳо, пешниҳодҳо, тарҳҳои муштарак ва ғайра, ки аз ҷониби ИНОТ ба раванди сулҳ ворид мешуданд ё дар тӯли музокироти муштарак ҳосил мешуд, матну иншову имлои устод буданд. Чун он солҳо навишти компютерӣ то ба ин ҳад роиҷ набуд ва аксари музокирагарон низ таҷрибаи зарурии эҷоди матни расмӣ надоштанд, баробари пеш омадани тарҳ, тавофуқ, хулоса ё андеша маҳз устод онро ба шакли матн медароварданд. Сипас дигарон дар атрофи он муҳокима ронда, «ҳа» ё «не»-и худро мегуфтанд. Банда бисёре аз чунин лаҳзаҳо ва чунин санадҳои раванди сулҳро дида будам, ки маҳз бо хатти зебои устод бисёр сабуронаву бодиққат навишта шуда буданд ва сипас чопи мошинӣ мешуданд.
Гарчӣ имрӯз он дастхатҳо ҳар куҷо парокандаанд, аммо бе гумон дар аксари санадҳои сулҳи тоҷикон на танҳо иборву ҷумлаҳо, балки асари амиқи сабку матни устод ҳамчунон боқист. Аз ҷониби ҳайати ҳукуматӣ чунин нақши калидии матнофариро бештар устод Иброҳим Усмон доштанд.
Аммо шояд ин ҳодисаи нодири таърихӣ бошад, ки чанде аз муҳимтарини санадҳои сулҳи тоҷикон, бе чопи мошинӣ, балки маҳз дар шакли дастхати асилу зебои устод Сатторзода расман ба имзо расидаанд. Намунаи чунин санадҳо «Изҳороти Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари оппозитсияи тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ» дар бораи оташбаси ҷонибҳо (шаҳри Теҳрон, 19 июли соли 1995) ва Созишномаи байни гурӯҳи фармондеҳони ИНОТ ва Ҳукумати ҶТ дар соли 1997 мебошад, ки дуввумӣ дар раванди сулҳ ҳамчун «сулҳи Ғарм» машҳур аст. Ду санаде, ки дар таърихи сулҳи тоҷикон аҳаммияти махсуси марҳилавӣ ва муайянкунанда доштанд.
Яъне, дасти устод Сатторзода ҳамон дастест, ки аз аввал то охири ин раванди таърихиву тӯлонӣ пешнавису лоиҳаи аксари санадҳои сулҳи тоҷиконро навишта ё таҳриру ислоҳ намудааст. Дасти устод ҳамон дастест, ки бояд онро самимона фишурд, балки бояд онро сипосгузорона бӯсид. Чун дасте, ки дастхатҳои наҷоти миллӣ, дастхатҳои раванди сулҳро навиштааст…
 Дуввум, устод дар раванди сулҳ узви комиссияи муштараки назорат бар оташбаси муваққатӣ дар солҳои 1995-1997 буданд, ки як саҳифаи муҳимму ногуфтаи фаъолияти эшон аст. Мухтасар, ҳанӯз пеш аз имзои сулҳ, мувофиқи тавофуқи ҷонибҳо аз соли 1995, аъзои ин гурӯҳ бояд ба хатти пеши ҷабҳаҳои ҷангӣ мерафтанд, риояти оташбасро назорат мекарданд, ҳар ҳодисаи даргирии мусаллаҳонаро таҳқиқ менамуданд, ҳар тирро ҳисоб мекарданд, бо ҳар қумандону силоҳдори хашину саркаш забон меёфтанд, аз дидбонгоҳҳои марг мегузаштанд. Бе ҳеҷ муболиға, дар он муҳит ин кор шаҳомату қаҳрамониву ҷонбозӣ буд. Шунидани дашному таҳдиди силоҳдорон он вақт коре бисёр «ба хайр» ҳисоб мешуд, балки аъзои ин гурӯҳи оташбас борҳо қурбонӣ доданд, захмӣ шуданд, тирборон гаштанд, гаравгон афтоданд, латукӯб шуданд, аз дами тир гаштанд… Аммо рисолати сулҳсозии худро бо сарбаландӣ ба ҷой оварданд…
Яъне саргузашти устод Сатторзода фақат курсиву минбару саҳнаву маҳфилу дарсу коғазу қалам набуд, балки дар роҳи барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ шахсан то умқи ҳодисаву тӯфон рафта, чун сарбози сулҳ чунин ҷонбозиҳои бевосита низ доштанд.
 Сеюм, дар бораи эътирофи олии нақшу хизматҳои устод Сатторзода дар раванди сулҳи тоҷикон шоҳиди ду супориши махсуси Пешвои миллат будам, ки ёдоварии он басе рамзист. Соли 2006 буду устод тоза аз вазортаи хориҷӣ озод шуда буданд, ки директори Маркази тадқиқоти стратегӣ шодравон Суҳроб Шарипов пас аз мулоқоти наврӯзии Президенти кишвар бо зиёиён чунин гуфт: «Ҷаноби Олӣ супориш доданд, ки устод Сатторзодаро дар баратон гиред, аз таҷрибаашон истифода кунед, ки хизматҳои эшон калон аст…» Пас аз он, устод ҳудуди 7 сол сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ шуданд, ки дар он мақом хидматҳои азими миллӣ анҷом додаанд. (Банда низ ифтихор дорам, ки низ ҳудуди ҳафт сол дар ҳамин раёсату ҳамин вазифаи бисёр ҳассос, ҳамчун дар қадамҷойи табарруки устод фаъолият кардам.)
Ва низ, соли 2014 буд, ки муҳтарам Худобердӣ Холиқназар директори Марказ таъйин шуданду баробари баргаштан аз қабули Роҳбари давлат гуфтанд, ки «Устод Сатторзодаро ёфтан лозим, зеро Ҷаноби Олӣ вазъияту саломатии эшонро махсусан пурсида, ба эшон салом расонданду хизматҳояшонро дар барқарории сулҳу ваҳдат ба некӣ зикр карданд…»
Чорум, дар нашри байналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз шоҳкориҳои устод ҳаммуаллифӣ ва таҳияи барнома ва модули дарсӣ дар ин мавзӯъ барои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки имрӯз низ дар Донишгоҳи Сулҳи СММ, воқеъ дар Коста-Рика, барои тамоми кормандони ин созмони ҷаҳонӣ ва дипломатҳои таҷрибаомӯз аз кишварҳои гуногуни олам ҳамчун намунаи муваффақи сулҳсозӣ таълим дода мешавад.
Панҷум, хидмати дигари беназири устод Сатторзода дар раванди сулҳу ваҳдати миллӣ, анҷоми силсилаи тадқиқоте шоиста ва нашри мақолаҳои бунёдӣ дар масъалаҳои назариявию арзишии далатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла моҳият ва хусусиятҳои низоми далатдории дунявӣ, муносибати дину давлат, таносуби арзишҳои динию миллӣ, ҷойгоҳи ҷамъиятию фарҳангии дин, танзими ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ва ғайра мебошад. Гарчи ин мавзӯъҳо имрӯз низ бисёр муҳимманд, аммо дар солҳои аввали барқарорию ваҳдатсозӣ онҳо муҳимтарин масъалаҳои сарнавишт ва давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд, ки ҳар зиёӣ ва андешаманди миллӣ бояд дар дарку ҳалли дурусти он саҳми бевоситаи худро мегузошт. Ва устод низ ин рисолати худро ба ҷой оврад.
Аксари осори фикрию тадқиқотии устод дар ин самти муҳим дар силсилаи китобҳои «муколамаи дину давлат дар Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ ба нашр расида, бахши дигари он дар китоби арзишманди «Арзиши ваҳдати миллӣ» (2017) гирдоварӣ шудаанд, ки он низ мавзӯи пажӯҳиши ҷудогона аст. Ҳоло фақат ҳамин нуктаро меафзоем, ки дар ин самт низ арзишҳои зербиноии пажӯҳишӣ ва самтбахшии фикрии устод Сатторзода маҳз мафҳумҳои олие чун ваҳдат, субот, ҳамзистӣ, таҳаммул, ҳуқуқ, адолат, арзишҳои миллӣ ва нигоҳи хирадбунёди давлатмадорона мебошанд.
Шашум, банда борҳо пешниҳод доштам, ки мо чун кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳ бояд дар сатҳи калони миллӣ бунёд ё пажӯҳишгоҳи хосаи сулҳи тоҷиконро медоштем, ки он ҳам таъриху таҷрибаи он равандро ба таври илмию тахассусӣ меомӯхт, ҳам муаррифии дохиливу хориҷии онро анҷом медод, ҳам сабақҳои онро хонданиву омухтаниву монданӣ мекард, ҳам имрӯзу дурнамои сулҳу ваҳдати миллиро пажӯҳишу барномарезӣ менамуд. Ва роҳбари чунин бунёди миллӣ бояд ҳатман шахсе дар сатҳу таҷрибаву вусъату биниши ваҳдатмеҳваре чун устод Сатторзода мебуд.
Аммо ҳануз ҳам таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон мунтазири як иродаи қавӣ ва тасмими бузурги давлатӣ ва ниҳодӣ барои омӯхта шудан, ҷамъбасти илмиву назариявӣ шудан, илм шудан ва муаррифии шоиста шудан аст. Кори бузурги милливу таърихие, ки барои анҷоми он ҳар рӯз дертар мешавад…
ЭЪТИДОЛИ ХИРАДБУНЁДИ ЗИЁИИ ДАВЛАТМЕҲВАР
Дар канори он, ки устод Сатторзода олими барҷастаи адабиёт ва дипломати шинохтаи кишваранд, дарку шинохти нақшу ҷойгоҳи эшон чун зиёӣ низ бисёр муҳим аст. Устод аз касоне ҳастанд, ки мафҳуми зиёӣ ва ҷойгоҳи зиёӣ барояшон комилан мансубу шоиста аст. Зиёии рӯшан, зиёии миллӣ, зиёии масъулиятшинос, зиёии давлатмеҳвар. Модел ё намунае, ки мо миёни анбӯҳи ходимони соҳаи илму маорифу адабу фарҳангу ҳунар зиёд надорем.
Албатта, дар ин чил ё панҷоҳ соли ҳузури фаъоли фарҳангию ҷамъиятӣ, андешаи миллию ҷамъиятии устод ҳамвора дар такомул буда, марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Агар ин хатти камони рушди мудомро пеши рӯй орем, метавон гуфт, ки фаъолияти устод чун зиёии миллӣ, аз ҷумла марҳилаҳои арзишгароии миллӣ(1), ҳақталошии рӯшанфикрона(2), ормонгароии арзишӣ(3), амалгароии сиёсию дипломатӣ(4), фарҳангсолории маърифатгаро(5) ва давлатмеҳварии хирадбунёдро(6) убур карда, дар ҳар марҳила дурахши хоси худро доштааст. Аммо муҳим ин аст, ки ин марҳилаҳои фикрию такомулӣ на инкори ҳамдигар, балки дар бистари таҷрибаи зиндаи фаъолияти ҳаётию ҷамъиятию сиёсӣ такмили табии ҳамдигар будаанд. Ин аст, ки имрӯз шахсияти устод Сатторзода рӯи ин захираи азим, рӯи ин омезиши унсурии арзишу марҳилаҳо ва рӯи ин таҷрибаи арзишманд ҳамчун зиёии миллии масъулиятшиносу давлатмеҳвар қомат афрохта, ба яке аз қутбҳои муҳташами хиради милӣ ва рамзҳои ваҳдати миллӣ табдил шудааст. Зиёие, ки фаротар аз мафҳумҳои мавқеъ, тараф, гурӯҳ ва манфиат қарор гирифта, мавқеи ӯ хирад, гурӯҳи ӯ миллат, тарафи ӯ давлат ва манфиати ӯ манфиатҳои миллию давлатист.
Ин аст, ки дар даҳсолаҳои охир тамоми сухани устод рӯи таҳкими ваҳдат, такмили ҳамзистӣ, тақвияти субот ва устувории давлат будааст. Бо ҳифзи мавқеи миллӣ, равиши такмилию ислоҳӣ ва нигоҳи маърифатию рӯшанфикрона. Мусоҳибаҳои рӯзҳои ахир низ бо ҳамин паёму ҳамин сатҳанд.
Ҳамин тавр, устод дар пешгоҳи давлату миллат рисолати як зиёии огоҳи миллиро ба ҷой оварда, барои наслҳои дигар намунаи чунин мавқеъ, ҷойгоҳ ва хидматро офаридааст. Дар ин самт низ омӯзишу пайравии қишри фикрию зиёии мо аз корномаи миллӣ ва эътидоли хирадбунёди устод Сатторзода ба манфиати ҳамагонӣ хоҳад буд.
ЗАРУРАТИ АНБОШТАНИ ЗАХИРАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЧИСТ?
Шояд имрӯз аз хушбахттарин донишҷуёни тоҷик шогирдони риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ бошанд, ки он ҷо устод Сатторзода ҳанӯз дарс мегӯянд. Зеро онҳо аз касе сабақ мегиранд, ки худ таъриху дипломатияву фарҳангу сиёсати зинда аст. Арзишу ҷойгоҳи чунин устодон нисбат ба муаллимоне, ки аз китобу интернет лексия навиштаву овардаву хонда бошанд, бисёр болотар аст. Ва ҳангоми шунидани дарсу фишурдани дасти чунин устод, шогирд бо худи фарҳанг, бо худи дипломатия ва бо худи сиёсат пайванд меёбад. Таҷрибае, ки бо ҳеҷ чиз наметавон хариду гирифт…
Аммо масъалаи анбоштану корбурду гиромидошти сарватҳои миллӣ ва захираҳои маънавие чун устод Абдунабӣ Сатторзода басе фаротар аз ин аст. Зеро муносибат бо онон дигар муносибат бо фард ё шахс нест, балки муносибат бо худи илм, фарҳанг, хирад, арзишҳо ва манфиатҳои миллист. Муносибат бо онон худи муносибати мо, худи сатҳи мо ва худи дарки моро аз фарҳангу ҳувияту манфиатҳои миллӣ нишон медиҳад.
Тавре медонем, масъулони иқтисодии мо ҳамасола эълон мекунанд, ки дар Бонки миллӣ фалон миқдор тиллову нуқраву нақдинаву сангҳои арзишманд захира шудаанд ва шарҳ медиҳанд, ки ин захира пуштивонаву такягоҳи иқтисоди кишвар аст. Ҳамин гуна, манфиати миллӣ ва зарурати давлатӣ низ инро тақозо дорад, ки таҷрибаҳои бузург ва сарватҳои фикрию маънавии миллат низ ҷамъу захираву посдориву корбурд ёбанд. Агар захираҳои тиллову нуқра пуштивонаи иқтисоди моянд, пас таҷрибаву захираҳои фикрию маъанвию сиёсӣ, ки дар вуҷуди арзишманди устодону собиқадарони фарҳехта ҳосил шудаанд, пуштибонаи сиёсату давлат ва фарҳангу ҳувияти мо мебошанд.
Дар чунин низоми захирасозии сарватҳои маънавии миллӣ бояд ҳар фарди дорои истеъдод, маҳорат, тафаккур ва таҷрибаи арзишманд мавриди кашф, баҳисобгирӣ, ғамхорӣ, истифода ва эҳтироми давлатӣ қарор гирад ва барои рушду тақвияти давлат истифода шавад. Илова бар ин, чунин шахсияту таҷрибаҳои арзишманд маъмӯлан миёни ҷомеа ҷойгоҳи мушаххас доранд ва ҳамсӯии онҳо бо низоми сиёсӣ маҳбубияти худи низоми сиёсиро низ бештар мегардонад.
Аҳаммияти дигари ин механизм дар он аст, ки таҷриба ва истеъдоди ин шахсиятҳо ба насли баъдӣ интиқол ёфта, хиради сиёсӣ, анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои давлатдорӣ захира мешаванд. Ва зарур нест, ки ҳар насли милливу идории мо корашро аз ҳеҷ огоз кунаду хому кутоҳтаҷриба бошад. Аз ин рӯ, некӯст, ки собиқадорони фикрию миллию сиёсию давлатие чун устод Сатторзода пас аз бознишастагии хидматӣ низ ба марказҳои фикрию таҳлилии кишвар ҷалб шуда, бо таҷрибаи нодири худ дар барномарезии идоракунии беҳтари рушди кишвар ва ташаккули насли дигари ин мактаби миллию сиёсӣ саҳм гузоранд.
Масалан, дар ИМА бисёре аз президентҳо, вазирон ва собиқадорони ниҳодҳои сиёсию дипломатию қудратӣ ба Шӯрои амнияти миллӣ, бунёдҳои наздидавлатӣ ва ниҳоду муассисаҳои машваратию таҳлилию барномарезӣ ҷалб шуда, ҳатто то садсолагӣ барои рушду тақвияти давлату миллат хидмат мекунанд. Дар шароити мо низ дар таркиби ниҳодҳое чун дастгоҳи Шӯрои амният, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Шӯрои сиёсати хориҷӣ, бунёдҳои гуногуни фикриву таҳлилии наздидавлатӣ ҷамъ овардани собиқадорони озмудаи соҳаи фикрию сиёсию идории кишвар ва коргирии таҷрибаи бузурги амалии онҳо бисёр муфид мебошад. Ин иқдом на танҳо ба маънои арҷгузорӣ ба корномаи онон, балки пеш аз ҳам, ба маънои захираву корбурди хиради миллӣ ва тақвияти худи низоми сиёсӣ ва давлату давлатдорист.
***
Барои устоди гиромӣ, ки устоди адабу фарҳангу ҳувияту сиёсати чанд насли ин миллат ва намунаи боризи зиёии дилсӯзи ватанпарвару давлатмеҳваранд, саломатии устувор ва комёбиҳои сазовор орзу дорам.
Абдуллоҳ Роҳнамо

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.