Абдуқаюми Қаюмзод: Оё дар назди қонун ҳама баробаранд?

Дар назди қонун ҳама баробар аст.Ин тавзеҳест,ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳамвора ба он таъкид мекунанд.Ҳамин чанд рӯз пеш низ Вазорати корҳои дохилӣ бо интишори баёния маҳкум ба зиндон шудани як шаҳрванди 80-солаи кишварро чунин тавҷеҳ кард:“Дар назди қонун ҳама баробар аст”.

Дуруст аст ки баробарии шаҳрвандон дар назди қонунро шурӯъ аз Қонуни асосӣ то қавонини дигари кишвар тазмин ва кафолат додааст. Ва ҳамин тавр ба истиснои ноболиғон барои адои ҷазо касеро қонун имтиёз ва афзалият надодааст. Баробарии шоҳу гадо дар назди қонун роҳе ба ҷомеаи одил ва қонунсолор аст. Вале дар Тоҷикистон оё амалан чунин баробарӣ дида мешавад?

Соли гузашта буд,ки дар як сонеҳаи автомобилӣ дар пойтахти кишвар овозхони шинохтаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид. Аммо ронандаи мошинае,ки дар он овозхон дучори садама шуд,дар озодӣ ба сар мебарад. Зеро ӯ муовини додситони яке аз ноҳияҳои Душанбе ва писари Анвари текстил, як сарватманди тоҷик аст.

Писари Амонуллоҳ Ҳукумов

Чанд сол пеш писари Амонулло Ҳукумов, раиси онвақтаи Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мошинаш се нафарро пахш карда кушт. Ин ҳодиса бо ин вуҷуд ки дар расонаҳо бозтоби густарда дошт ва интизор мерафт, таваҷҷуҳи ом ба он аз ҳама гуна хилофкорӣ пешгирӣ мекунад, ба фоидаи шахсе хатм шуд, ки сабаби марги се инсон гашта буд.

Писари ин узви баландпояи ҳукумат зиндонӣ нашуд,балки вазири умури дохилии Тоҷикистон эълон кард,ки дар пайи7 ташхис (экспертиза) муайян шуд,ки ронанда айб надорад. Ва,танҳо модари ӯро дар барои нақзи Кодекси оила чанд сомонӣ ҷарима карданд.

Агар ин ҷавон як одами қаторӣ мебуд, на камтар аз 10 сол мегирифт. Фарқ дар он буд, ки ин кас ва хонаводааш аз қонун болотар қарор доранд. Пас, шиори ҳама дар назди қонун баробаранд, барои чунин касон нест.

Як вакили дифои тоҷик,ки худ низ чанд солеро пушти милаҳои зиндон сипарӣ кардааст, гуфт дар Тоҷикистон чанд қишре вуҷуд дорад,ки қонун барои онҳо татбиқ намешавад ва агар ҳам татбиқ бишавад,ба гунаи дигар, сабук ва суст,ҳатто онҳо муртакиби ҷинояти сангин ҳам шуда бошанд.Ба гуфтаи ӯ ин қишрҳо иборатанд аз фарзандону бастагони вазиру раисҳо,аъзои баландпояи ҳукумат ва сарватмандон-олигархияи зич бо роҳбарият ва низ наздикону бастагони онҳое,ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомҳои баландтар доранд.

Барои мисол гуфт ӯ бародари генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб,раиси пешини Хадамоти гумрук ва мудири қаблии Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми ришва дастгир шуд.Аммо кор тавре хулоса шуд,ки айби ӯро тағйир доданд ва чанд ҳафтае ҳам нанишаста озод шуд,дар ҳоле,ки шарикони ӯ дар ин ҷурм ба давраҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Айнан мисли ҳамин ҳодиса боздошту раҳоии бародари генерал Мансур Умаров,сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон ва дар гузашта муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст,ки бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дастгир ва зиндон шуд. Вале на инки муҳлати ҷазоро адо накард,балки аз давраи пешбиникардаи қонун хеле зуд ба озодӣ баромад.

Шаҳбоз Раҷабов

Мавридҳои зиёди дигаре ҳам ҳаст,ки барои дуздии як телефони мобилӣ даҳҳо ва шояд садҳо нафар ҳоло аз озодӣ маҳрум шудаанд.Бале,дуруст аст,ки дар назди қонун хасдузд ва шутурдузд ҳарду муттаҳам ва ҳарду гунаҳкор аст. Аммо агар ёдатон  нарафта бошад Шаҳбоз Раҷабов,сардори терминали №1-и пойтахтро раиси ҷумҳурӣ дар ҳузури садҳо нафар аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ айбу иттиҳоми ришватхориашро ошкоро эълон кард ва тавассути ҳамаи шабкаҳои телевизионӣ ҳам нашр шуд. Яъне зарари расонидаи ӯ ба давлат аз миллионҳо ҳам бештар аст. Ва,президент таъкид кард,ки ҷойи ту дар кунҷи зиндон аст.Аммо гуфт,ки ҳайф ҷавон ҳастӣ, ариза навису рав! Ҳоло шояд ҳазорҳо ҷавоне дар зиндонҳо нишастаанд,ки даҳяк ва садяки ришвату дуздии Шаҳбоз Раҷабовро накардаанд. Президент, ки бояд ҳомии қонун бошад, худ намунаи муносибат ба қонун шуд, ҳоло аз дигарҳо чиро бояд чашдор буд?

Мисоли дигаре,ки ҳоло ба истилоҳ тару тоза аст,муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Далер Хайрзода,ки барои беш аз даҳ сол зиндонӣ шуд,ду сол ҳам нанишаста ба озодӣ баромад. Дар ҳоле,ки дар ҳамин ҳайат чандин нафари дигар ҳам буданд,ки камтар аз ӯ ҷазо гирифтаанд,вале ҳоло ҳам нишастаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин гуна мавридҳо,хеле аз коршиносон ва огаҳони авзоъ мегӯянд,ки вуҷуди фасод ва ришвати густарда солҳост,ки баробарии шаҳрвандон дар назди қонунро аз байн бурдааст.

Ҳоло агар ҳама дар назди қонун дар Тоҷикистон баробар буд,чаро Далер  Шарифов ҳадди ақал барои колоннаи сукунат рухсат нашуд? Ва,ӯ то чанд рӯзи дигар бо адои комили муҳлати ҷазо(як сол) раҳо хоҳад шуд.Нафаре,ки даҳ сол муҳлат гирифт ва миллионҳо соимонӣ зарар овард,ҳамагӣ ду сол нишасту раҳо шуд,аммо нафаре,ки як сол мӯҳлат дошт,то инки дақоиқи охири муҳлатро адо ва тай накунад,бояд бишинад.Пас,чи тавр бовар метавон кард,ки дар назди қонун ҳама баробар будааст?

Аз сӯи дигар шояд Тоҷикистон танҳо кишваре бошад, ки худро демократӣ меномад аммо барои танҳо як нафар қонун месозад ва барои як нафар Қонуни асосӣ чанд бор иваз мешавад. Як нафар ҷудо аз 9 униммиллион нафар қонуни хос дорад ва ин қонуни хос ӯро аз куллия халқи ин кишвар ва ин давлат тафовут бахшида, пешопеш аз ҳамаи ҷавобгариҳо дар назди қонун озод кардааст. Пас, куҷост баробарии ҳама дар назди қонун? Беҳтар аст, ВКД ошкоро бигӯяд, ки қонун барои худӣ ва бегонаҳо аз ҳам фарқ дорад. Бобои Дона 7 сол мегирад, педофил афв мешавад. Ё шояд ҷурмҳо фарқ мекунанд? Сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ? Пас, иқрор бояд кард, ки ҳама баробар нест? Бояд иқрор кард, ки кишвар маҳбусони сиёсӣ дорад.

Намунаи рӯшани он дар ин шабурӯзҳо қазияи Маҳмурод Одинаев,муовини раиси ҲСДТ аст,ки айби аввали эъломкардаашон,”авбошӣ”-ро,агар холисона муҳокима мекарданд,дар доираи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ медиданд ва бо ҷарима раҳо мешуд. Аммо на инки чунин муносибат карданд,балки боз як айби дигар, ин бор сиёсӣ болояш зам шуд,ки на камтар аз 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Барои ҳамин боз ҳам ин пурсиш пеш меояд,ки дар назди қонун ҳама баробаранд? Мақомот ба ин суол ҷавоби рост медиҳанд?

Блоги Абдуқаюми Қаюмзод 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.