Абдуқодир Рустам: Халқи тоҷик ниёз дошт беҳтарин нависандаи муосираш дар қатори устодон дафн бишавад

Муллоҳо наъши Фирдавсиро иҷозаи дафн кардан дар гӯристон надода буданд, “Низомнома”-и ҳукумати шаҳри Душанбе, иҷоза надод, ки ҷанозаи устод Баҳманёрро дар Лучоб гӯр кунем….. Дар ин гӯристон фақат “халқӣ”-ҳоро дафн мекардаанд……
Аммо, агар Баҳманёр – бузургтарин нависандаи тоҷик пас аз сари устодон Айнӣ ва Улуғзода бо вуҷуди маҳбубият ва шуҳрат дар миёни хонандагон на нависандаи халқӣ шуд ва на барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ гуноҳи кист?
Баҳманёр ба гӯристони Лучоб ниёз надорад, аммо халқи тоҷик ниёз дошт беҳтарин нависандаи муосираш дар қатори устодон дафн бишавад……
Агар ин маъниро намефаҳмед, дареғи шумо ва афсуси мо!
Абдуқодир Рустам

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.