Абе аз мардуми Ҷопон узр хост

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, ки дарозмуддат дар ин мақом ифои вазифа кардааст, бо сабабҳои сиҳҳатӣ аз мақомаш канор меравад.  Абе рӯзи 28 август гуфт, моҳи июл эҳсос кард, ки хаста шудааст  ва баъди он ки моҳи август ду дафъа ба беморхона интиқол ёфт, табибон сангинтар шудани илтиҳоби рӯдаашро тасдиқ карданд.  Дар изҳороти худ Абе дар муроҷита ба шаҳрвандони Ҷопон гуфт, аз он ки натавонист масъулиятҳои худро дар мақоми нахуствазирӣ иҷро бикунад, узр мехоҳад. Ӯ гуфт, “тарки вазифа қабл аз он ки тамоми корҳо анҷом шаванд, дарднок аст”. Абе инчунин гуфт, ки тасмими интихоботи шахсияти раҳбари нави ҳизби ҳокими Либерал-демократии Ҷопон ба дасти ӯ нест ва инро бояд аъзои ҳизб муайян кунанд. Вале ӯ гуфт, ки нахуствазири баъдӣ бояд корро дар амри муқобила бо коронавирус идома диҳад. Хабари аз мақом канор рафтани Абе ба бозорҳои молии Ҷопон таъсири манфӣ расонид.

Шинзо Абе яке аз камтарин раҳбарони ҷаҳонӣ аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар кишвараш пазироӣ кардааст. Раҳмон дар доираи як сафари расмӣ октябри соли 2018 аз Ҷопон дидан карда бо Абе ҳам дидору гуфтугӯ карда буд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.