Аблязовро дар Фаронса боздошт карданд. Ӯ гуфт, “боздошт мисли навори синамо буд”

Мухтор Аблязов, мухолифи сиёсии ҳукумати Қазоқистон, ки чанде пеш дар Фаронса паноҳандагӣ дарёфт кард, дар ғоратгарӣ айбдор мешавад.

Аблязов шоми 7 октябр дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки рӯзи душанбе ӯро боздошт кардаанд.

“Дақиқтараш, маро рабуданд. Ин ҳолат мисли филми ҷангӣ рух дод. Ин бор ҳам бо дахолати Қазоқистон. Маро ду рӯз дар ҳабс нигаҳ доштанд”, – навишт Аблязов. Айни замон вай дар озодӣ буда, ваъда кард, ки ҳодисаро ба таври муфассал дертар шарҳ хоҳад дод.

Жерар Чолакян, вакили мудофеи Аблязов ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистонро дар доираи парвандае боздошт кардаанд, ки дар ватанаш кушода шудааст. Аблязов ин бор дар ғорати 7,5 миллиар доллар айбдор мешавад.

“Додситонии Порис аризаеро аз Қазоқистон дарёфт кард, ки метавонист ба эътибор нагирад. Аммо он аризаро ба додгоҳи тафтишотии Фаронса супоридааст”, – хабар дод вакили мудофеъ.

Ҳукумати Қазоқистон дар соли 2017 бо ирсоли аризае ба Порис, Аблязовро дар ғорати бештар аз 7,5 миллиар доллари бонки БТА-и Қазоқистон айбдор карда буд. Роҳбарии ин бонк то соли 2009 бар уҳдаи Аблязов буд.

Мухтор Аблязов, раиси пешини бонки БТА-и Қазоқистон бештар аз 10 сол аст, ки дар Аврупо қарор дорад. Дар Қазоқистон ва Русияву Украина ӯро дар дуздии наздики 5 миллиард доллар айбдор мекунанд.

Қазоқистон борҳо талош кард, ки Аблязовро аз Аврупо истирдод кунанд. Мақомоти Қазоқистон муваффақ шуданд, ки Аблязов дар Фаронса боздошт ва ҳабс шавад, аммо баъди чанде ӯро озод карданд. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳи Қазоқистон Аблязовро ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯро дар “куштори фармоишӣ” дар соли 2004 айбдор карданд. Додгоҳи Қазоқистон ҳамзамон ӯро дар доираи парвандаи ғорати дороиҳои бонки БТА соли 2017 ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Аблязов ҳамаи ин айбҳоро рад мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.