Адвокати тоҷикро барои пӯшидани либос бо акси Иззат Амон парванда карданд

Шӯҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик дар Русия, ки бо як ҳамроҳаш барои пушидани либос бо акси Иззат Амон боздошт шуда буданд, барои “вайрон намудани тартиботи баргузории митинг” парванда кардаанд.

Пулис дар Маскав ӯ ва Раҳматулло Ҷалоловро рӯзи 11-уми июн замоне боздошт карданд, ки пас аз адои намози ҷумъа, дар берун аз масҷиди хиёбони “Мир”-и ин шаҳр қарор доштанд.

Пас аз чанд соати боздошт кормандони пулиси ноҳияи Мишанский онҳоро озод кардааст, вале парвандаашонро бар асоси моддаи 20.2 қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “вайрон намудани тартиботи баргузории митинг” ба додгоҳи ҳамин ноҳияи Маскав ирсол намудааст. 

Ин муҷозот ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 ҳазор рубл ё ҷалб барои 40 соат барои  кори маҷбуриро пешбинӣ мекунад. 

Қудратов гуфт, дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мишанский гуфтанд, ки баъди содир шудани қарори додгоҳ онҳоро дар ҷараён мегузоранд.

“Ҳамроҳи Нуриддин Ҷалолов рӯзи панҷшанбе дар метрои “Сухаревская” майка бо акси Иззат Амонро мефурухтанд ва мо ду дона харидем. Инро дар баёноти Шӯъбаи корҳои дохила низ зикр кардем.”,–гуфт ӯ.

Қудратов гуфт, ки “дар Шӯъбаи пулис ба акси пироҳани мо ишора карда гуфтанд, ӯро мешиносед? Гуфтем, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Гуфтанд, ӯро барои кадом амалаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд?”

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи шинохта ва раиси “Маркази тоҷикон” феълан дар Боздоштгоҳи муввақатии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон “пайдо шуд”.

Мақомот гуфтанд, ӯро бар асоси шикояти чанд нафар дастгир карданд. Парвандаи ба зидди Иззат Амон бар асоси “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тарафдоронаш бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсист. Мақомот мегӯянд, қазияи Иззат Амон сиёсӣ нест, балки ба шикояти чанд нафар аз сокинон рабт дорад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.