“Аэрофлот” халабонҳоеро, ки нахостанд ваксина гиранд, аз кор маҳрум кард

Ширкати ҳавопаймонии Русия “Аэрофлот” шаш халабонеро аз парвозҳо маҳрум ва ба рухсатии бемузд фиристод, ки нахостанд, зидди коронавирус ваксина гиранд.

Дар ин бора Михаил Демин, намояндаи ширкати “Аэрофлот” хабар дод. Вай гуфт, дар ширкат бештар аз ду ҳазор халабон кор мекунад.

Рӯзи 6-уми сентябр Иттиҳоди коргарони Шереметево хабар дод, ки “Аэрофлот” ба барканории халабонҳое, ки ваксина нагирифтаанд, шуруъ кардааст.

Ба иттилои Иттиҳоди коргарӣ, “касе корфарморо вазифадор накардааст, ки чунин тасмим бигирад”. Халабонҳо 16 август аз кор барканор шуда, аммо фармони онҳо танҳо 30 август содир гардидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.