Афғонистон мехоҳад, хушнависии исломӣ мероси ҷаҳонӣ шавад. ВИДЕО

Хаттоти афғон бо килки хеш ҳунари қадимаро нигаҳ медорад. Абдулҳаким Каримзода, 30 сол аст, хаттотӣ ва хушнависӣ мекунад. Чилучаҳор офаридаи дасти ӯ дар намоишгоҳи Ҳирот ба намоиш гузошта шудаанд. Ончӣ ки меофарад, дар бораи ишқу сиёсат аст.

Абдулҳаким Каримзода мегӯяд: «Хушнавис бояд мавриди ҳимояти сармоядорон, фарҳангиён қарор бигирад. Давлат таваҷҷуҳ дошта бошад, ки инҳо дар такомули ин ҳунар хеле нақш доранд. Мо ба теъдоди ангуштонамон дар Афғонистон хаттот надорем.»

Хушнависони шаҳри Ҳирот 25 навъи хаттотиро медонанд, аз ҷумла кӯфӣ, настаълик, насх ва зулфро. Онҳо мехоҳанд, ки мақомот барои ҳифзи ин ҳунари қадима кори бештар анҷом диҳанд.

 

Мирвалӣ Аҳмад Сабрӣ, раиси Анҷумани адабии Ҳирот мегӯяд: “Ман эътиқод дорам, ки агар нухбагони фарҳангӣ ва давлати Афғонистон ба хушнависӣ, ки мероси 150-солаи мо аст, таваҷҷуҳ накунанд, ва дар ҳаққи хушнависон ҳиммат накунанд, мо ба мушкили бузурге дар қисмати рушди ин мерос мувоҷеҳ мешавем. Дар Афғонистон ба теъдоди ангуштони ман, устодони хушнависӣ намондааст.“

Ин хатти настаълиқ аст ва аз замони Темуриён аз асри 14 мондааст. Афғонистон ҳоло мехоҳад, ки хаттотиро ба ҳайси мероси фарҳангӣ дар ЮНЕСКО сабт кунад. Ҷовид Зарғом, намояндаи вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар ин бора гуфт: “Ҳунари хушнависӣ соли 2020 ба ҳайси ҳунари миллӣ дар Вазорати иттилооту фарҳанг сабт карданд. Дар талошем, то ҳунари хушнависӣ, чун ҷузъи ҳунарҳои исломӣ дар ЮНЕСКО сабт бишавад.”

Каримзода дар 20 соли гузашта ба садҳо донишҷӯ ҳунари хушнависӣ омӯхтааст, вале ҳанузам нигарон аст, ки ин ҳунар аз байн меравад. Ба қавли ӯ, хаттотӣ метавонад василае барои ривоҷи фарҳангу сулҳ ва ягонагӣ бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.