Афсона Акобиршоева

Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик. 

Афсона Акобиршоева 17-уми июли соли 1992 дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.
Соли 2010 мактаби миёнаи рақами 8-и зодгоҳашро хатм карда, аз ҳамон сол дар радиои “Садои Душанбе” ба фаъолият шуруъ кардааст.
Аз соли 2012 то 2013 дар нашриёти “Адиб” ба ҳайси мутахассиси пешбар кор карда, соли 2016 шуъбаи ғоибонаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Замони таҳсил дар донишгоҳ як муддат дар бахши тоҷикии радиои Аврупои озод/Радио Озодӣ таҷрибаомузӣ карда,  аз моҳи майи соли 2017  то ахири соли 2020 дар ин коргоҳ фаъолият доштааст.
Сабки хос, талоши навовариҳо ва бархурди тоза ба мавзуъҳои рӯз дар ин расона ба зудӣ ӯро аз ҷеҳраҳои матраҳи муҳити рӯзноманигории тоҷик карданду мавзеъгириҳои шаҳрвандӣ дар масоили мубрами ҳайёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон аз вежагиҳои шахсияти ӯ гашт.
Дар охири соли 2020  радиои Озодиро тарк карда,  тарҳи расонаи AFS media -ро таъсис дод, ки дар бахши тоҷикии Ютуб аз тарҳҳои муваффақ маҳсуб мешавад.
Бо расонаҳои мухталиф, аз ҷумла Iran international  ҳамкорӣ дорад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.