Афви байналмиллал: Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз бомбҳои мамнуъи хӯшаӣ истифода мебарад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Созмони Афви байналмиллал барои бори нахуст истифодаи бомбҳои мамнӯъи хушаиро аз ҷониби Арманистон дар амалиётҳои ҷангии Қарабоғи Кӯҳӣ тасдиқ кард.
  • Дар  баёнияи ин созмон омадааст, ки рӯзи 28 октябр тақрибан соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ як ё якчанд мушаки ” Смерч” ба самти шаҳри Барде партоб гардид, ки он маҳалли аҳолинишини ҳудуди бемористонро хароб кард. Додситонии Озарбойҷон изҳор дошт, ки бар асари он ҳади ақал 21 нафар кушта ва 70 нафари дигар захм бардоштанд.
  • Коршиносони вокуниши буҳрони Афви байналмиллалӣ аксҳои тавассути Vice Nuws дар Барде гирифташударо, ки порчаҳои муҳимоти хӯшаии 9Н235 аз мушакҳои ” Смерч”- и русиро нишон медод, тасдиқ карданд, ки зоҳиран тавассути нирӯҳои арманӣ ба самти ин шаҳр партоб шудаанд.
  • ” Гулулаборони маҳалҳои ғайринизомӣ бо муҳимоти хӯшаӣ амали ваҳшиёна ва бехирадона буда, сабаби марг, захм ва ранҷи бешумор мешавад”- гуфт мудири минтақавии Авфи байналмилалӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна Мари Стразерс.
  • ” Дар ҳоле, ки ин даргирӣ идома меёбад, тарафҳо дар истифода аз силоҳи мамнӯъ, ки ҷони мардуми ғайринизомиро дар хатар мегузорад, айбдор дониста мешаванд”- афзӯд ӯ.
  • ” Муҳимоти хӯшаӣ зотан силоҳи бедуни табъид аст ва истифода аз онҳо дар ҳар шароите бар асоси қонунҳои байналмилалии башардӯстона  мамнӯъ аст. Мо дубора аз ҳар ду тараф даъват менамоем, ки ба истифода аз муҳимоти хӯшаӣ хотима диҳанд ва ҳимоят аз мардуми ғайринизомиро муҳимтар шуморанд”- афзӯд Мари Стразерс.
  • Ёдовар мешавем, ки 5 октябр Афви байналмиллалӣ муҳимоти хӯшаии МО95 DPISM- ро шиносоӣ кард, ки ба назар мерасад аз ҷониби нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба самти шаҳри Степанокерт- пойтахти Қарабоғи Кӯҳӣ партоб шуда буд.
  • Бояд гуфт, ки муҳимоти хӯшаӣ зотан силоҳи берӯяе ҳастанд, ки ҳатто солҳо пас аз истифода онҳо ғайринизомиёнро ранҷ медиҳанд. Истифодаи онҳо  мутобиқи Созишномае, ки беш аз 100 кишвар имзо гузоштаанд, мамнӯъ мебошад. Авфи байналмилалӣ аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват намуд, ки ба ин Конвенсия пайванданд.
  • Бештар аз як моҳ аст, ки дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни низомиёни Озарбойҷон ва Арманистон амалиётҳои ҷангӣ идома доранд. Дар ин миён бо ташаббуси Гурӯҳи Минск ва даъвати бисёре аз кишварҳои олам тарафҳо дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд, вале он дер напоид ва амалиётҳои ҷангӣ идома ёфтанд.

The post Афви байналмиллал: Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз бомбҳои мамнуъи хӯшаӣ истифода мебарад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.