Афви байналмиллал фуруд овардани тайёра бо рӯзноманигори белорусро роҳзанӣ аз номи давлат номид

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Мақомоти Белорус аз дурӯғи таҳдиди бомб истифода бурда, ҳавопаймои аз як кишвари Иттиҳоди Аврупо ба кишвари дигар парвозкунандаро бо ҳадафи  боздошти рӯзноманигор Роман Протасевич фуруд оварданд, ки ҷинояти роҳзании ҳавоӣ аст. 

  • Ин нуктаро Раҳбари Афви байнулмиллал дар умури Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Мари Стразерс дар шарҳи оиди ҳодисаи рӯзи 23 май дар ҳарими ҳавоии Белорус изҳор доштааст.
    Ба гуфтаи ӯ “шубҳае нест, ки мақомоти Белорус бо таҳдиди бардурӯғи таркиш ва ҳавопаймои ҷангии МиГ мусофиркаши аз як кишвари Иттиҳоди Аврупо ба кишвари дигар парвозкунандаро маҷбур ба фурудоӣ карданд ва ин амал бо ҳадафи ягона ва  ошкорои боздошти рӯзноманигори мунтақиди ҳукумат анҷом дода шудааст”.
  • “Дар ҳоле ки ин ҳодиса ба сенарияи филмҳои Ҳолливуд монанд аст, аммо воқеият аст,  ин амали зоҳиран роҳзании ҳавоӣ воқеъан даҳшатовар аст. Иттиҳоди Аврупо ва тамоми ҷаҳон бояд фавран вокуниш нишон диҳанд ва ба озодии фаврии Роман Протасевич даъват созанд. Ба ӯ бояд иҷозат дода шавад, ки Беларусро тарк карда, ба кишвари интихобкардааш равад ”, – афзудааст вай.
  • Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 23 май мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Ryanair, ки  бо хатсайри Афина – Вилнюс парвози мунтазам анҷом медоду дар он  рӯзноманигори мухолиф Роман Протасевич ҳам буд, дар пайи хабари бомбгузорӣ, ки баъдан бардурӯғ буданаш ошкор шуд, дар фурудгоҳи пойтахти Беларус нишасти изтирорӣ кард. Тайёраро  як ҷангии нерӯи ҳавоии Белорус ҳамроҳӣ мекард, ки бо фармони шахсии президенти ғайриқонунии ин кишвар Александр Лукашенко ба осмон бархоста буд.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки чандин моҳ боз  Минск истирдоди Степан Путило ва Роман Протасевич, асосгузор ва сипас сардабири канали маъруфи Nexta дар Telegram-ро, ки мақомоти Беларус онро ифротгаро эълон кардаанд, аз ҳукумати Лаҳистон талаб мекарду посухи радд мешунид.
  • Ҷониби Белорус ба он аст, ки амали фурудовардани тайёра дар доираи қонунгузории ин кишвар буда, боздошти Роман Протасевич амали маъмулӣ аст.
  • Ин амали мақомоти Белорус боиси нигарониҳо дар саросари дунё шуд. То лазҳаи чопи ин хабар дар Олмон, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва НАТО ин амалро шадидан маҳкум карданд. Ин ҳодиса яке аз мавзӯъҳои асосии нишасти Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд, ин лазҳаҳо дар Бруксел баргузор мешавад. Бояд таъкид кард, ки ба рӯзноманигор Роман Протасевич дар Белорус ҳукми қатл таҳдид мекунад.

 

 

The post Афви байналмиллал фуруд овардани тайёра бо рӯзноманигори белорусро роҳзанӣ аз номи давлат номид appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.