Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли 2020-ум корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 173 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 8 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати дӯзандагӣ 4 миллиону 865,3 ҳазор сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 8 миллиону 36,3 ҳазор сомонӣ, пахта 12 миллиону 359,9 ҳазор сомонӣ, сохтмонӣ 2 миллиону 32,2 ҳазор сомонӣ, ҳиссаи маҳсулоти чӯбин, чопӣ, маводҳои шустушӯӣ, заргарӣ ва трансформатор 28 миллиону 884,3 ҳазор сомонӣ, об 9 миллиону 732,4 ҳазор сомонӣ, барқ 27 миллиону 410,4 ҳазор сомонӣ ва 82 миллиону 345 ҳазор сомониро сектори хусусӣ ташкил медиҳад.

Ӯ гуфт, ки дар ин давра аз 47 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 39 ададашон фаъолияти хуб дошта, аз 100 то 400 дарсади истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намудаанд. Номбурда бо нигаронӣ гуфт, ки дар баробари ин ҳама пешравиҳо камбудиҳо низ дар ин самт ҷой доранд, зеро дар даҳ моҳи соли равон 2 адад корхона, аз ҷумла ҶДММ “Майрамбибӣ” (самти фаъолияташ заргарӣ) ва ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии 2016” (самти фаъолияташ дӯхти либосҳои мактабӣ) бинобар набудани фармоишгар тамоман фаъолият накардаанд.

— Инчунин, 6 адад корхонаҳои дигар, аз ҷумла ҶСП “Баракат”, ҶДММ “Дилорм”, ҶСП “Равғани сомонӣ”, ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагӣ”, ҶДММ “Маркази ҳунаромӯзӣ” ва ҶДММ “Насим”, ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нонӣ, равған ва сохтмон равона мебошад, бо сабаби надоштани харидор, надоштани рақобат дар бозор ва надоштани ашёи хом ҳаҷми истеҳсоли масҳулотро нисбат ба даҳ моҳи соли 2019-ум кам карданд,- зикр кард ӯ.

Сообщение Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Бохтар появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.