Афзоиши шумори беморони COVID-19. Эҷоди маҳдудиятҳо дар Фаронсаву Белгия

Шумори гирифторони коронавирус дар сартосари Аврупо ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Бино ба гузоришҳо, Фаронса ва Белгия барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кардаанд. Дар Париж ва шаҳрҳои дигари бузурги Фаронса барои ҳадди ақал як моҳ гаштугузори сокинон аз соати 9-и шаб то 6-и субҳ маҳдуд шудааст. Мақомоти Белгия низ дастур додаанд, ки тарабхонаву қаҳвахонаҳоро барои 4 ҳафта бубанданд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико теъдоди мубталоён ба коронавирус дубора бештар шудааст. Шумори гирифторон дар ин кишвар аз марзи ҳашт миллион кас гузашт. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, доруи Remdesivir барои пешгирӣ аз марги беморони COVID-19 зиёд муассир нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.