“Агар Раҳнамо оппозитсия шавад…” ё ёддошт дар зодрӯзи Сайфулло Сафаров

Унвони баланди «устод» гоҳо танҳо барои эҳтиром истифода мешавад, вале гоҳо маънои воқеӣ мегирад. Аз ин рў, вақте банда ин унвонро нисбати Сайфулло Сафаров истифода мекунам, он ба маънои воқеӣ корбурд меёбад.
Албатта Сайфулло Сафаров ба ман ягон соат дарс нагуфтааст, аммо бояд эътироф намоям, ки сухану насиҳату раҳнамоиҳои эшон боиси рўшан гаштани роҳи ҳаётии банда шудааст. Агар умр вафо кунад, мехостам дар бораи шахсият ва нақши қаҳрамононаи устод ёддошти мукаммале нависам, аммо бинобар ҳолати феълии худам, ҳоло ду-се нуктаи кўтоҳе меорам, ки мавқеи давлатдўстонаи устодро бисёр рўшан нишон медиҳанд.
***
Дар кўча радикал мешавӣ…
Соли 2005 ман аз кор дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва шояд ду-се моҳ бекор будам. Чун дар расонаҳо ва маҳфилу конфронсҳои гуногун басе фаъол будам, устод Сафаров маро хуб мешинохтанд. Аз ин рў, вақте аз Дастгоҳ рафтани маро шуниданд, фавран чунин масъала гузоштанд: «Гӯш кун, дар кӯча будани ту хатарнок аст. Одам дар кӯча радикал мешавад. Вақте ки одам аз система берун мемонад, вақте ки аз раванд берун мемонад, аз моҳияти асосии кор бехабар мешавад, зери таъсири расонаҳо мемонад, хашину ифротӣ мешавад. Бинобар ин, ту бояд дар низоми сиёсӣ кор кунӣ, вагарна ҳайф мешавӣ…
Бо ҳамин маслиҳат маро маҷбурранг ба Маркази тадқиқоти стратегӣ гирифтанду мо «дар система мондем». Шодравон Суҳроб Шарипов, ки дар Дастгоҳ дўст ва ҳамкорамон буданду ба тозагӣ директори Маркази стратегӣ шуда буданд, «беҳтарин фикр!» гуфта, зуд фармони қабули маро содир карданд. Инак ҳудуди 16 сол аст, ки ин ҷо кор мекунаму ба «ветеран»-и ин марказ табдил шудаам… Аммо ҳамин машварати устод тамоми роҳи минбаъдии зиндагии маро дигар сохт….
***
Агар Раҳнамо оппозитсия шавад….
Дар тули 16 соли кор дар Марказ борҳо кўшиши аз кор рондани ман сурат гирифтааст. Гоҳо ину он ниҳод ва ину он шахс бо ину он баҳона масъала мегузоштанд, ки ўро аз Марказ озод кунем. 90 дарсади ин ташаббусҳо факат дар заминаи хусумат ё ҳасади шахсии баъзе мақомдорон е ҳамкорон пеш меомад. Аммо вақте масъала доғ мешуд ва бояд қарор қабул мешуд, устод С.Сафаров бо як “аргументи қотеъ” вориди баҳс мешуданд, ки «Эй бародарон, медонед, агар мо ўро ҷавоб диҳем чӣ мешавад? Оппозитсия ўро дар ҳол ба худ ҷалб мекунад, ташкилотҳои хориҷӣ ўро дар як рўз мегиранд. Он вақт медонед чӣ мешавад? Қувваи оппозитсия дучанд мешавад, агар Раҳнамо оппозитсия шавад, оппозитсяи соҳиби идеолог мешавад… Мо бо кадом ақл чунин одамро ҷавоб медиҳем. Охир ин зарба ба манфиати давлат мешавад…» Дар муқобили ин аргументи устод ташаббскорони рондани Раҳнамо дигар далеле надоштанд….
Ин ҷо сухан аз он намеравад, ки он таҳлилу “аргумент”-и устод дар бораи нақши ман дуруст буд ё не. Мо ҳаргиз чунин даъвое надорем. Балки сухан дар бораи он меравад, ки устод С.Сафаров дар тамоми мавридҳо давлатӣ фикр мекард, ҳама масъалаҳоро аз зовияи манфиати давлат медид…
Ҳамин тавр, дар ин, ки Раҳнамо то имрўз «оппозитсия нашуд», аз ҷумла маслиҳату роҳнамоиҳои Сайфулло Сафаров бисёр бузург аст. Аммо ин раванд дар ин 16 сол ба тавре ташаккул ёфт, ки ҷаҳонбинии давлатмеҳвари банда шакл гирифту дигар оппозитсия шудани банда моҳиятан номумкин гашт, балки акнун банда худ ҳазорон нафарро аз «оппозитсия шудан» бозмедорам. Ва ҳамаи ин идомаи нақшу хидмати Сайфулло Сафаров аст.
***
Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам…
Гарчӣ устод мавқеи давлатӣ ва ватанмеҳварӣ доштанд, аммо муносибати ҳамаи мансабдорон бо эшон ҳамвор набуд. Вале эшон ин мушкилро ҳамчун диди худи ҳамон шахсон медиданд, на мавкеи давлат ё ҳукумат. Бинобар ин, гоҳо сарзанишҳо низ мешуниданду аммо боз ҳам мавқеи давлатиро идома медоданд.
Боре миёни шеърҳои банда шеъри «Айнӣ ва давлат»-ро хонда, бисёр ба ваҷд омаданд, ки он чизе ки лозим буд ёфтам, зеро ин шеър сарнавишти ҳар як давлатдўст, вазъияти ҳар як фарди миллатдўстро ифода кардааст. Ва ду банди ин шеърро барои ҷилди китобашон интихоб карданд, ки ин мухтасари идея ва зиндагиномаи ман аст.
Бо табрики дигарбораи устоди азиз, шакли комили ин шеърро мегузорам, ки гарчи бардоште аз сарнавишти устод Айнист, аммо ишорате ба сарнавишти аксари шахсиятҳои соҳибфикру миллатдўст низ дорад.
Айнӣ ва давлат… 
Бо рўҳи пурифтихор давлат гуфтам,
Дар хилвату ошкор давлат гуфтам,
Гарчанд ҳазор бор дидам ҷабраш,
Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам.
Ман ҷилди шиносномаро мебўсам,
Ҳар сафҳаи «Шоҳнома»-ро мебўсам,
Чун бинвисам калимаи «давлат»-ро,
Аз шиддати меҳр хомаро мебўсам.
Ҳарчанд, ки хайрхоҳи давлат будам,
Ҳарчанд чароғи роҳи давлат будам,
Аз рўйи сиёҳи чанд мансабдоре,
Дар «рўйхати сиёҳ»-и давлат будам.
Некахтару некфол давлат дорам,
Пуршавкату пурҷалол давлат дорам,
Армони ҳазорсолаам ҳосил шуд,
Ман баъди ҳазор сол давлат дорам!
Ҳамеша сарбаланду осуда бошед, устоди азиз.
Абдулло Раҳнамо 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.