Агентии суғуртаи иҷтимоӣ: дар натиҷаи санҷиши аудиторӣ камбудиҳо ошкор ва маблағи зарар барқарор гардид

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи таҳлили натиҷаҳои санҷишҳои аудитории воҳиди сохтории дахлдори дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои аудити дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи аввали имсол ба маблағи 758 810,85 сомонӣ камбудиҳо ошкор гардида, 692 994,92 сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилмурод Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон ба 722 688 нафар баробар гардидааст. Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 300,15 сомониро ташкил медиҳад. Талабот барои маблағгузории нафақа дар шаш моҳи имсол 1415,7 млн. сомониро ташкил дода, ба ҳолати 9 июли соли равон  1 259,0 млн. сомонӣ ба ин самт равона карда шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ бинобар таъмин нагардидани қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 323,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 7,8 млн.сомонӣ гузаронида шуд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.