АИБ «Казинформ»: Нурсултон Назарбоев ба коронавирус гирифтор шуд

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ/. Нурсултон Назарбоев ба бемории коронавирус гирифтор шуда, ҳоло дар инзивои шахсӣ қарор дорад, хабар медиҳад агентии иттилоотии давлатии «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Елбаси.

«Ҳоло Президенти якуми Қазоқистон дар инзивои шахсӣ қарор дорад. Мутаассифона, ташхиси охирини Елбаси оид ба сирояти коронавирус натиҷаи мусбӣ нишон дод, вале ҷойи нигаронӣ нест. Нурсултон Назарбоев фаъолиятро фосилавӣ идома медиҳад», — омадааст дар хабари сомонаи расмии Елбаси.

Инчунин, иттилои мазкурро котиби матбуоти Елбаси Айдос Укибай низ дар «Twitter» нашр кард.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов ба бемории коронавирус гирифтор шуда, Сарвазир Аскар Мамин, вазири кишоварзӣ Сапархан Омаров, вазири экология, геология ва захираҳои табиӣ Магзум Мирзагалиев, вазири маориф ва илм Асхат Аймагамбетов, раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбаев ва Раиси Маҷлис Нурлан Нигматулин ба инзиови шахсӣ рафтаанд.

                                                                         АКСИ БОЛО аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.