Чанд тафсири Истиқлол аз академик Муҳаммадюсуф Имомзода

ДУШАНБЕ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. “Файзу баракати истиқлолро ҳамон вақт дарк мекунему мебинем, ки агар оташи муҳаббату нангу номуси ватандорӣ дар вуҷуди мо аланга дошта бошад. Муҳаббат ба Ватан имкон медиҳад, ки истиқлол таъмин шавад ва истиқлол имкон медиҳад дунёи ин муҳаббатҳо вусъат пайдо намояд”. Чунин навиштааст ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик  Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА дар мақолаи худ ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ба унвони идораи АМИТ «Ховар» ирсол доштааст.     

Чанд тафсири Истиқлолият

Мо Ватан дорем, ки он Тоҷикистон ном дорад, як ҷузъе аз харитаи сиёсии ҷаҳонро давлате бо номи Тоҷикистон ташкил медиҳад, Тоҷикистонро дар симои роҳбараш дар минбарҳои баланду бонуфуз мепазиранду эътироф мекунанд, Тоҷикистон бо тасмимҳои худ дар  ҳаёти аҳли башар нақш гузоштан мехоҳад, Тоҷикистон кишварест, ки таърихи ҳазорсолаҳоро соҳиб аст…  ва ба ин монанду ҳамоҳанг ҷумлаҳо зиёданд, ки онҳоро алифбои шинохти истиқлолияти ватан гуфта метавонем. Истиқлолият чун як мафҳуми дорои уфуқҳои нопайдо озодиву дороии як миллатро аз чандин зовияҳо нишон медиҳад. Марз, мулк, забон, фарҳанг, анъана, иқтидор, нуфуз, эътибор, дин, оин ва даҳҳо ганҷинаҳои дигари маънавию моддӣ сабаб мешаванд, ки истиқлолияти як миллат комил шавад. Хушбахтии  миллати тоҷик аст, ки ин ганҷинаҳоро аз қадим соҳиб аст ва қатъи назар аз монеаву душвориҳо, дар масири таърих онҳоро аз даст надодааст. Истиқлолият неъмати бебаҳост ва агар чунин намебуд, имрӯз халқу миллатҳои зиёд дар ҳасрати истиқлолият ашку хун намерехтанд. Яъне надоштани истиқлолият маънии тобеъ будану салтанат сохтани дигаронро дорад. Таърих ба мо имкон дод, ки баъд аз ҳазор сол аз нав соҳиби мулку сарзамини худ гардем. Тоҷикистони мустақил сохта шуд ва акнун вақт лозим аст, ки мо ба маънии томаш истиқлолияти миллии  худро  такмил диҳем ва дар ин доира бояд таъхир надошта бошем. Тоҷик асолат дошту дорад ва имрӯз имкон фаро расидааст, ки ғуборҳоро аз рӯи оинаи ҳақиқат дур афканем, то ҷилои он  асолат равшан гардад. Давоми ҳазор сол моро ҷудо карданду пароканда сохтанд ва  мулку сарзамини тоҷик дар ҳукми тақдирҳои табартақсим қарор мегирифт. Ҳамин аст, ки ба қавли шоир марзи мо забони мову фарҳанги мост ва ин забону фарҳанг чун як харита гузаштаҳои моро бо ҳам пайванд месозад.

Истиқлолият муқаддас аст ва ҳифзу таҳкими он муқаддастар. Он ақида ҳам саҳеҳ аст, ки  истиқлолият неъмату мероси абадӣ нест, ки дар хазинае нигоҳ дошта шавад ва ҳар замони мувофиқ ба халқеву миллате ҳадя гардад. Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм бояд ҳар як хурду бузург муқаддас шумораду ҳифз намояд. Андаке ғафлату бетафовутӣ кифоя аст, ки ин ганҷ аз даст равад. Намунаашро дар оғози солҳои навадум халқи тоҷик шоҳид гаштаву аз сар гузаронида буд. Он ҳама бадбахтиҳоро нотавонбинон барои адами истиқлоли мо ба вуҷуд меоварданд. Ақли солим ғалаба кард ва роҳнамоиву хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи нобудии миллат ва истиқлолият аз байн рафт. Ҳама унсурҳои истиқлолият — аз суруди милливу парчам сар карда, то асъори милливу фарҳангу артишу забон барои мо муҳайёст. Акнун фаротар аз ин имрӯз сиёсати мустақил доштану мавқеъ пайдо кардани давлати  мо дар арсаи байналмилалӣ аст. Аносири истиқлол моро ба ин амр водор месозад.

Зовияҳои шинохти Ватан

Ҳикмату воқеияти зиндагии инсон аст, ки дар он ҷое ки зода шудаему камол ёфтаем, ба маънии тамом дар он ҷо қадру қимат дорему ба кор меоем. Мақоле ҳаст, ки олами вуҳуш ба суроғи ҷое меравад, ки он ҷо серии худро мебинад, инсони комил дар суроғи манзилест, ки сарфи назар аз хору хасаш диёру ватани ӯст. Шириниву сарвату лаззати дур аз Ватан истисно нест. Аммо зуд аст, ки ин неъматҳо дилбазану якнавохту бемаънӣ мегарданд. Зеро арзише аз арзиши ҳузур доштан дар Ватан болотар нест ва агар инро инкор намоем, пас тафовуте байни ҳамон олами вуҳушу инсон боқӣ намемонад. Маънии зиндагии мо он аст, ки бо дидори Ватан шод бошем ва дар фироқу ғурбат шитобон дар суроғи дидори Ватан гардем. Зиндагӣ паҳноҳои васеъ дорад ва саодат он аст, ки агар дар ин паҳноҳо мо Ватани худро фаромӯш накарда бошем.

Якҷонибаву ғафлатсифатона сарвату мол истиқлолияти ягон кишваррро таъмин карда наметавонад. Ганҷинаҳо дар оғӯши ватан ҳастанд, на ватан дар оғӯши ганҷинаҳо. Ганҷинаҳо каму зиёд мешаванд, ғорат мешаванд, нест мешаванд, дигар мешаванд, аммо ватан боқӣ мемонад.  Агар чунин намебуд, инқилобҳои таҳмилии арғувонӣ истиқлолияти баъзе кишварҳои пурганҷинаи олами Шарқро зери суол намебурд. Ватанро бояд танҳо барои ганҷинаҳои моддияш  дӯст надорему нашиносем. Шинохти Ватан дар замири қалбҳо хона дорад ва он ганҷи маънавиест, ки аз меҳру муҳаббату нангу номус ташаккул ёфтааст. Рақиб ҳама ганҷро нест карда метавонаду бурда метавонад, аммо газанде ба он ганҷи маънавӣ расонида наметавонад. Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки дар тӯли таърих мулки тоҷик борҳо ғорат гардид. «Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт дод…», наҳангҳо аз ӯ молу ганҷро гирифтанд, аммо нангу номусу ҳувиятро натавонистанд.

Инсон офаридаи аҷибест, ки гоҳо ҳақиқатҳоро қоил намешавад. Ин офарида бояд донад, ки ӯ барои худ ба дунё наомадааст. Ӯ барои дигарон, барои ватану ҷомеа ба дунё омадааст. Танҳо манқурт худбин асту нисбат ба ватану арзишҳои ватандорӣ бетафовут буда метавонад. Барои ватандӯст ҳар як ормони ватан ормони дили ӯст. Хиёнатпеша онест, ки арзишу манфиати  худро аз арзишу манфиати ватан боло мегузорад. Мусаллам аст, ки чун фард ватани худро дӯст дошта наметавонад, ӯ ҳеҷ гоҳ касеву чизе, ҳатто оилаву пайвандони худро дӯст дошта наметавонад. Ватан он масканест, ки ҳама чизаш барои мо азиз аст. Ватан манзилест, ки моро бо каму зиёдаш камол мебахшад. Ватан —  модар ва хотири осудаи мост. Шояд ватан бидуни мо вуҷуд дошта тавонад. Аммо мо бидуни ватан вуҷуд дошта наметавонем. Зеро номи Ватан номи шахс, симои шахс, шаҳрвандӣ, зоҳиру ботини шахс мебошад.

Муҳаббат ва нангу номуси ватандорӣ

Булҳавасона дар ҳасрату ҳавасҳо зистану ватанро фаромӯш кардан оини ҷавонмардӣ нест. Оне ки ватанро фаромӯш карда мегӯяд, ки ман дар ҳама ҷо сарват дораму зиндагӣ карда метавонам, ҳама гӯшаи олам Ватани ман аст, маънии онро дорад, ки ӯ лаззате дар ҳаёт намебинад. Юсуф чун як султони тавонманду одил дар қасрҳои Миср менишасту ёди Канъони пур аз хору хасу хок азияташ медод ва як умр ҳасрат аз фироқи ватан дошт. Яъне муҳаббати Ватан асроре дорад, ки кашфу тавзеҳи пурраи он хеле мушкилу мураккаб аст. Муҳаббати  ҳар яки мо дар маҷмуъ Ватанро месозаду камол мебахшад. Истиқлолият ва ҳастии Ватан ва аз муҳаббати инсонҳо ба Ватан сарчашма мегирад. Истиқлолият бо меҳру муҳаббату садоқату эътимоди ҳар як фард пойдор аст. Муҳаббати Ватан- ин садоқат, эҳтиром, эътимод ва муносибати саршори завқест, ки ҳар яке аз мо дар дунёи маънавии худ нисбат ба зодгоҳу диёри худ  дорем. Чун аз муҳаббати Ватан ҳарф мегӯем, ногузир аст, ки мутобиқу мувофиқ ба фазову муҳиту қонуниятҳои он зиндагӣ дошта бошем.

Халқиятҳои донову дурандеш барои аз чанги наҳангҳо раҳо ёфтан талош кардаанд, ки худро созанду ҳама чизи худро дошта бошанд. Ба умеди касе нашудаанд ва бо завқу муҳаббат ва нангу номуси ватандорӣ хонаи худро обод кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба он ишора мекунанд, ки «…касе омада мулку кошонаи моро обод намесозад. Завқу муҳаббати баланди мо наҷотбахши мо ва омили бунёдкории мо мешавад». Таъбири боло беҳтарин даъвату садо барои баланд гаштани муҳаббати ватандорист. Маҳз ин муҳаббату завқи баланди миллати тоҷик аст, ки имрӯз лоиҳаҳои бузурге дар паи татбиқу амалӣ гардидан мебошанд. Файзу баракати истиқлолро ҳамон вақт дарк мекунему мебинем, ки агар оташи муҳаббату нангу номуси ватандорӣ дар вуҷуди мо аланга дошта бошад. Муҳаббат ба Ватан имкон медиҳад, ки истиқлол таъмин шавад ва истиқлол имкон медиҳад дунёи ин муҳаббатҳо вусъат пайдо намояд. Муҳаббат ба Ватан шарафест, ки шахси оқил ҳамеша дар ҷустуҷӯи он аст. Чун ин шарафро ба даст меорад, ҳамеша дар ҳифозати он мешавад. Оромиши хотири ӯ ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин  ҳам бузургон муҳаббат ба Ватанро аз имондорӣ гуфтаанд. Мазмуни воруна он аст, ки танҳо беимон ба ватан бетафовут мешавад.

Файзи истиқлол дар каломи журналистон

Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастовардҳои бузургро соҳиб гардидааст. Шумору номбурди онро бори дигар зарур намедонем ва ҳатто дар чанд саҳифа танҳо зикри якояки онҳо аз имкон берун аст. Роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустиву фарҳангӣ, варзишгоҳҳои замонавию муҷаҳҳаз, меҳмонхонаҳои зебову замонавӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна, НБО-ҳои хурду бузург, роҳҳои оҳану хатсайрҳҳои ҳавоии мустақил, китобхонаҳо, осорхонаҳо, системаи муназзами энергетикӣ боғоту корхона ва ғайраҳо имрӯз симои Тоҷикистони мустақил мебошанд. Барои маълум кардани баъзе рақамҳову далелҳо ҳоҷат нест, ки ба идораеву назди шахси масъуле рафт. Ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ шаклҳои зиёди васоити ахбори омма ба сифати оинаи инъикоси рӯзгор бисёр чизҳоро ба мо бозгӯ менамоянд, ки ин низ файзи истиқлол мебошад.

Шахсан саҳифаҳои воситаҳои ахбори оммаро варақгардон менамоям ва бори дигар муътақид мешавам, ки Истиқлолият- ин файзу баракати зиндагии мост. Ба сомонаҳои бузургтарин ду воситаи ахбори оммаи мамлакат — АМИТ «Ховар» ва нашрияи «Ҷумҳурият» рӯ меорем. Нахуст аҳсан мегӯем ба журналистони заҳматписанди воситаҳои ахбор, ки ин қадар матолибро ҳамарӯза таҳияву нашр менамоянд ва ҳамзамон саҳифаҳои таърихро месозанд. Албатта, дар ин самт нақши тамоми журналистони дигари мамлакат низ мавриди зикр аст. Зеро ватандӯстдортарин ашхос аҳли зиёву эҷод мебошанд, ки маҳз онҳо нафаси ҳамарӯзаи Ватанро бештар эҳсос мекунанд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бунёдкориҳои бовусъату босуръат идома доранд. Вобаста ба ин дар сомонаи АМИТ «Ховар»  бахше бо номи  «Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон» амал менамояд, ки он аллакай ба як бойгониву китобхонаи махсус табдил ёфтааст. Беминнату дастрас аз он дилхоҳ маълумотро доир ба дастовардҳои бузурги халқи тоҷик пайдо намудан мумкин аст. Назар ба маълумоти ин бахш, давоми 27 соли истиқлолият танҳо дар дурдасттарин минтақаи мамлакат- ВМКБ – 1700 иншооти гуногун ба истифода дода шудаанд ва то ҷашни 30-солагӣ ба истифода додани боз 500 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Оё ин файзи истиқлол нест, ки имрӯз як минтақаи дурдасти кӯҳистонамон босуръат ободу шукуфо гардидааст?

Дар пойтахти ҷумҳурӣ то рӯзи баргузории ин ҷашн бунёди зиёда аз 3500 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Давоми ду соли оянда бояд дар Душанбе 21 муассисаи  таълимии дорои зиёда аз 18,5 ҳазор ҷои нишаст ба истифода дода шавад. Бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи Ҳисор 600, ноҳияи Фархор 324, ноҳияи Балҷувон 375, ноҳияи Мастчоҳ 500, шаҳри Турсунзода 310, ноҳияи Варзоб 270, шаҳри Хуҷанд 510, шаҳри Хоруғ 94, ноҳияи Мурғоб 85, шаҳри Конибодом 300, ноҳияи Рашт 140, ноҳияи Рудакӣ 414 ва ноҳияи Носири Хусрав 53 бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун ҷараён доранд.

Аз матолиби саҳифаҳои АМИТ «Ховар» ва «Ҷумҳурият» барои қазоват ин чанд ноҳияву шаҳру вилоятҳо ба таври  интихобӣ зикр гардиданд. Дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ватани маҳбубамон ҳудуди 19 ҳазор иншооти нав бунёд мегарданд. Таҳлилҳо, мутолиаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар дурдасттарин деҳоти мамлакат низ бунёди иншооте ҷараён дорад. Ин ҳама ба манфиати мардуми мо ва ин ҳама бозгӯи он мебошад, ки Истиқлолият файзу баракати рӯзгору зиндагии мост. Тоҷикистонро бо  неруи истиқлолият рӯзҳои неку пурсаодат дар пешанд. Дур нест он рӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари неруманду пешрафта  дар минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Халқи тоҷик бо файзи истиқлолият ва  роҳнамоии Пешвои маҳбуби хеш дар шоҳроҳи бахту саодат қадамҳои устуворона мегузорад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.