Академики АИР ба ин назар аст, ки пандемия пештар аз тобистони соли 2021 тамом нахоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи уфунати  коронавируси нав эҳтимолан се мавҷ  дорад ва танҳо тобистони соли 2021 бозгашт  ба тарзи маъмулии зиндагӣ  имконпазир хоҳад шуд. Тибқи иттилои ТАСС, дар ин бора академики Академияи илмҳои Россия (АИР), директори Маркази иммунология ва тибби биологии Донишгоҳи давлатии Москва, профессор Михаил Палтсев дар канали Telegram-и захираи стопкоронавирус.рф. хабар додааст.

«Агар мо қиёс кунем, ки дар фасли тобистон беморӣ коҳиш ёфт, ба таври асоснок гуфтан мумкин аст, ки дар тирамоҳ он афзоиш хоҳад ёфт, пас, се фасл ҳаст — баҳор, тирамоҳ, баҳор. Ва мо бояд тахмин кунем, ки то тобистони соли оянда мо аллакай ба тарзи зиндагии маъмулии худ бармегардем», — гуфт Палтсев.

Ба гуфтаи ӯ, таърихан ҳамаи пандемияҳои вирусӣ се мавҷ доранд. Мавҷи аввал хеле шадид, мавҷи дуввум аз он шадидтар ва сеюм аз ҳисоби ташаккули эминияти оммавӣ шиддати камтар хоҳад дошт. Палтсев ёдовар шуд, ки масалан, зукоми испанӣ (пандемияи он яке аз оммавитарин дар таърихи инсоният буд), ки дар ибтидои асри гузашта хуруҷ намуда буд, се мавҷ дошт.

«Назаре вуҷуд дорад, ки эминияти оммавӣ замоне ташаккул меёбад, ки зиёда аз 60% аҳолӣ бемориро сипарӣ намуда бошад ва вақте ки 95% бемориро аз сар мегузаронанд, уфунат нобуд мешавад. Инҳо хулосаҳои назариявӣ мебошанд, аммо аксарияти муаллифон, бо шумули  табибони амалкунанда инро тасдиқ мекунанд. Мебинем. Вирус нав аст, онро омӯхтан, мушоҳида кардан ва оморро ҷамъ овардан лозим аст», — илова кард академики АИР.

ДАР АКС: Директори Маркази иммунология ва тибби биологии Донишгоҳи давлатии Москва Михаил Палтсев. АКСИ: © Александр Шербак/ТАСС

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.