Академияи илмҳо: олимони мо 328 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр карданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо нашри гузориши солонааш гуфтааст, ки имсол аз ҷониби кормандони ин ниҳод 328 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар нашр шудааст.

  • Бино ба ин гузориш кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷал-лаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расонидаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки санҷиши омори пешниҳодгашта номумкин ба назар мерасаду меъёри аслии  самаранокии фаъолияти илмӣ-назариявӣ дар ҷаҳон омори иқтибосорӣ аз таълифоти илмии ин ё он олим маҳсуб мешавад.
  • Дар нишасти ироаи гузориш президенти АМИТ  Фарҳод Раҳимӣ унвони миллиӣ гирифтани Академияи илмҳоро “рӯйдоди дар таърихи кишвар фаромӯшнашаванда” номидааст.
  • Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки дар соли 2020 олимони ин ниҳод 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патент барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд.Олимони Академияи илмҳо барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркарду тавсияҳоро пешниҳод кардаанд.
  • Дар ин гузориш аз коркардҳои олимон барои муқобала бо коронавирус низ ситоиш шуда чанде аз корҳои онҳо оварда шудааст.Аз ҷумла гуфта мешавад, ки “олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.
  • Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад”.
  •   Дар анҷоми нишаст барои олимоне, ки давоми соли 2020 дар рушди илм саҳми назаррас доштанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.

The post Академияи илмҳо: олимони мо 328 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр карданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.