Акси парчами Исроил дар девори як меҳмонхонаи Тошканд баҳсбарангез шуд

Акси парчами Исроил дар девори меҳмонхонаи “Узбекистон” дар шаҳри Тошканд баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳо ба бор овард.

Як моҳи пеш, рӯзи 14 апрел, ба муносибати 73-солагии истиқлоли Исроил девори меҳмонхонаи “Узбекистон” бо акси парчами Исроил оро дода шуд. Масъулони меҳмонхона гуфтанд, мунъакис шудани парчами Исроил дар девори меҳмонхона бо ҳаводиси кунунии Шарқи Наздик рабте надорад.

Як масъули меҳмонхона гуфт, бо сафорати Исроил дар Узбекистон созишнома баста шудааст. “Мо акси парчамеро мунъакис кардаем, ки Узбекистон бо он муносибатҳои дипломатӣ дорад. Ин амал дар доираи қонун сурат мегирад”, – гуфт масъули меҳмонхона.

Хушунати Исроил бо Фаластин панҷ рӯз аст, ки идома дорад. Аз рӯзи душанбе то ин замон бештар 170 фаластинӣ кушта шудааст. Кушташудаҳо миёни исроилиҳо ба 10 кас мерасад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.