Акси полиси Маскав зери портрети Путин бо 2 млн рубл ба фурӯш рафт

Аксе, ки  суратгири касбӣ Дмитрий Марков дар идораи полис бардошту баъди паҳн шуданаш дар Интернет ба рамзи эътирозҳои дастаҷамъии  тарафдорони раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний табдил шуд, дар як музояда бо нархи 2 миллион рубл фурӯхта шуд. Акс дар утоқи полис гирифта шудааст ва дар он як ходими амният бо рӯи пӯшидашудааш зери акси президент Владимир Путин нишастааст.

Марков дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Фейсбукаш навишт, ки барои ин акс музоядаи онлайнӣ роҳандозӣ карду нархи аввалияашро 10 ҳазор рубл таъин кард. Дар ниҳоят баъди 1-2 рӯз қимати он боло рафт ва нафаре бо номи Екатерина онро бо арзиши 2 миллион рубл ё  26,800 доллр ба даст овард. Марков гуфт, ки ин пулҳоро барои ҳомиёни ҳуқуқ медиҳад.

Марков аксро замоне бардошт, ки ҳамроҳ бо садҳо нафари дигар барои иштирокаш дар намоишҳои эътирозӣ ба ҷонибдории Навалний боздошт ва ба идораи полис интиқол дода шуд. Ин ҳамон рӯзе буд, ки полис Навалнийро барои гӯё вайрон  кардани қоидаи ҳабси шартӣ муҳокима ва ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кард.

Зимни шарҳи аксаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Марков гуфт, ки лаҳзаи аксбардорӣ дар дохили утоқи полис ҷавонҳои зиёд, аз ҷумла 25-солаҳо буданд. Ходими амният, ки синнаш тахминан 50-сола мебошад, ба қавли Марков, “аз шармаш рӯяшро пинҳон кард ва ҳарчанд дохили утоқ бисёр гарм буд, нахост чеҳрааш дида шавад”.

Дмитрий Марков як аккос ва наворбардори филмҳои мустанад буда, бештар саҳнаҳое аз зиндагии воқеиву бепардаи шаҳру деҳоти Русияро мегирад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.