Александр Вучич дар интихоботи президентии Сербистон пешсаф аст

Президенти амалкунанди Сербистон Александр Вучич дар интихоботи раёсатҷумҳурии он кишвар пешсаф аст. Бино ба иттилои пешакӣ, ба ҷонибдорӣ аз Вучич бештар аз 68 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд. Дар интихоботи он кишвар 8 номзад бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар интихоботи порлумонии он кишвар, ки якҷо бо интихоботи президентӣ баргузор шуд, низ эътилофи “Ҳамроҳ ба ҳар коре қодирем”-и Вучич бештар аз 50 дарсади раъйи сокинонро соҳиб шудааст.

Баъди интихобот Вучич ду масъалаи умдаро бояд ҳал кунад: муносибатҳои танзимношуда бо Косово ва таҳриҳои зидди Русияро, ки баъди ҳамла ба Украина ҷорӣ шудаанд. Сербистон ягона номзад ба мақоми узвияти Иттиҳоди Аврупо аст, ки аз қабули таҳримҳои зидди Русия худдорӣ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.