Алиев гуфт, ба баргузории раъйпурсӣ дар Қарабоғи Куҳӣ розӣ намешаванд

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” гуфт, Боку ҳечгоҳ ба баргузории раъйпурсӣ дар Қарабоғи Куҳӣ розӣ нахоҳад шуд.

“Не, албатта, не! Дар Қарабоғи Куҳӣ ҳеч гуна раъйпурсие нахоҳад шуд. Мо ба он розӣ намешавем. Мо дар рафти гуфтугӯҳо барои баргузории раъйпурсӣ розигӣ надода будем”, -изҳор дошт Алиев дар суҳбат бо нашрияи ҷопонии Nikkei.

“Дар мавриди худмуайякунӣ бояд гуфт, ки арманиҳо тақдири худро муайян кардаанд. Онҳо давлати мустақил бо номи Арманистон доранд. Агар арманиҳо минтақаҳоеро, ки онҷо зиндагӣ мекунанд, ҷумҳурӣ эълом кунанд, тасаввур кунед, ки дар дунё чи қадар Арманистонҳои хурд пайдо мешавад”, – илова кард президенти Озарбойҷон.

Ба гуфтаи Алиев, худмуайянкунӣ омили асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Вале он набояд тамомияти арзии Озарбойҷонро халалдор кунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, аз ҳадафи худ барои барқарор кардани тамомияти арзии Озарбойҷон даст нахоҳад кашид.

Пештар сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, низои Қарабоғи Куҳӣ аз роҳи дипломатӣ ҳал нахоҳад шуд. “Амали баъдии мо мубориза то охир аст”, – изҳор дошт ӯ дар як пахши мустақим тавассути саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук”. Ӯ аз шаҳрдорони Арманистон даъват кард, ки гуруҳҳои ихтиёриёнро ташкил кунанд ва аз сокинон хост, “дар даст силоҳ бигиранд”.

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон Арманистону Озарбойҷонро ба қатъи даргириҳо длаъват карданд. Вале Боку ва Ереван 21 октябр хабар доданд, ки оташкушоиҳо идома доранд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.