Amazon барои тоҷирону истеҳсолкунандагони тоҷик низ дастрас шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ба баъд соҳибкорон аз Тоҷикистон низ метавонанд молу колои худро дар Амазон- бузургтарин фурӯшгоҳи электронии ҷаҳон ба савдо бароранд. 

  • Амазон бо эълони руйхати нави кишварҳо иттилоъ додааст, ки имконияти тиҷорат барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ фароҳам оварда шуд.

  • Ворид шудани кишвар ба ин руйхат имкон фароҳам меорад, ки истеҳсолкунандагону фурӯшандагон аз ин кишварҳо мустақим ба қайд гирифта шаванду фаъолият пеш бубаранд.
  • Барои оғози фурӯш онҳо бояд  як қаторҳо корҳо, назири ҳисоби худро таъсис додан ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро зам кардан, суратҳисоби бонкӣ ва корти байналмилалии пардохт боз карданро анҷом бидиҳанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки пештар ҳам молу колои тоҷикӣ, ғолибан ашёҳои дастсоз ва ҳунарҳои мардумӣ дар Амазон ба фурӯш гузошта мешуданд, аммо ин амал тариқи ҳисобҳо аз кишварҳои дигар маъмулан бо ташаббуси тоҷикони берунмарзӣ сурат мегирифт.

 

The post Amazon барои тоҷирону истеҳсолкунандагони тоҷик низ дастрас шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.