Амири Кувайт дар 91-солагӣ даргузашт

Шайх Сабоҳ Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ, амири Кувайт, дар 91-солагӣ даргузашт. Шайх Алӣ Ҷарроҳ Ас-Сабоҳ, вазири умури шоҳии ин кишвар, рӯзи 29-уми сентябр тавассути телевизион дар бораи марги амир хабар дод. Сарусадо дар бораи вазъи саломати ӯ моҳҳо боз матраҳ буд. Шайх Сабоҳро аз соли гузашта ба ин тараф чанд дафъа ба шифохона бурда буданд. Вай дар соли 2006 масъулияти раҳбарии Кувайтро ба уҳда гирифт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.