Amnesty аз Эрон хост, ҳукми қатли марди 30-сола иҷро нашавад

Созмони байналмилалии Amnesty International аз мақомоти Эрон хост, ки ҳукми қатли марди муттаҳам дар таҷовуз ба номуси кӯдакро иҷро накунад. Ин созмони воқеъ дар Лондон мегӯяд, ки ҳукми қатли Фарҳод Солеҳии Ҷобеҳдори 30-сола бояд 13-уми апрел дар вилояти шимолии Албурз иҷро шавад. Ҳуки қатли ӯ бо вуҷуди он ба нақшаи иҷро гирифта шудааст, ки дар як ариза аз додгоҳи олии Эрон хостанд, ки парвандааш бозбинӣ шавад.  Дар як изҳороташ рӯзи 11 апрел Amnesty International гуфт, “ба иловаи ин ки қонунҳои байналмилалӣ татбиқи ҳукми  қатлро дар сурати ҷинояти таҷовуз ба номус манъ мекунад, худ ба худ ин ҳукм ваҳшатнок ва ғайриинсонӣ буда, ҳеҷ гоҳ посухи муносиби ҷиноят буда наметавонад”. Ҷобеҳдор июни соли 2018 дар робита бо иртиботи ҷинсӣ бо тифли 10-солае дар соли 2017 боздошт шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.