Амрико 10 дипломати русро ихроҷ ва таҳримҳои бештар алайҳи Маскав ҷорӣ кард

Ҳукумати Амрико рӯзи панҷшанбеи 15-уми апрел эълон кард, ки ба дар интиқом ба дахолати Маскав дар интихоботи президентии соли 2020 ва ҳамлаи ҳаккерҳои вобаста ба Кремл ба ниҳодҳои давлатии Амрико, 10 дипломати русро берун ва 38 шахсияти ҳақиқӣ ва ҳуқуқии Русияро таҳрим мекунад.

Тибқи арзёбиҳои ниҳодҳои амниятии Амрико, ҳаккерҳои вобаста ба ҳукумати Русия ба ҳадафи дуздидани маълумоти маҳрамонаи ҳукумати ИМА, ба сомонаи компютерии ҳади ақал 9 вазорат ва дигар ниҳодҳои федералӣ ҳамла кардаанд.

Илова бар ин, мақомоти ҳукумати нави Амрико моҳи гузашта эълон карданд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шахсан ба амалиёти таъсир расондан бар интихоботи президентии ИМА бо ҳадафи пирузии дигарбораи Доналд Трамп, мувофиқат кардааст.

Албатта таҳқиқоти ниҳодҳои амниятӣ ва додгоҳии Амрико нишон медиҳанд, ки на Русия ва на ҳеҷ кишвари хориҷии дигар натавонистанд ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонанд.

Ба таҳримҳои нав шаш муассисаву ширкати русӣ ва 32 нафар, аз ҷумла афроди соҳиби имтиёз дар Русия шомил мешаванд, ки ба гуфтаи ҳукумати Амрико, ба шаклҳои гуногун, мисли нашри маълумоти бардурӯғ, талош кардаанд дар интихоботи президентии соли гузашта дахолат кунанд. Кохи Сафед гуфт, яке аз дипломатҳои берункардашуда, намояндаи ниҳодҳои амниятии Русия аст.

Русия ҳам гуфт, дар посух ба таҳримҳои 15-уми апрели ИМА 10 корманди намояндагии дипломатии Амрикоро ихроҷ ва таҳримҳои мушобеҳ ҷорӣ мекунад. Дар ин бора Алексей Чепа, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури хориҷӣ ба расонаҳо иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед гуфтааст, ҳукумати Ҷо Байден бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ, амниятиву низомӣ ва бо такя ба “дақиқтарин баррасиҳо”-и ниҳодҳои кашфии Амрико қасд дорад ба гузоришҳо дар бораи ташвиқи Толибон аз сӯи Русия барои ҳамла ба нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар хоки Афғонистон посух диҳад.

Соли гузашта гузоришҳое дар бораи муайян кардани ҷоиза барои ҳамла ба нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар хоки Афғонистон нашр шуд ва Доналд Трамп, президенти пешини ИМА Доналд Трамп барои вокуниш нишон надодан ба ин иқдоми Русия, мавриди интиқод қарор гирифт.

Иқдомҳои ахири ҳукумати Амрико, бидуни шак муносибатҳои сарди Вашингтон ва Маскавро боз ҳам печидатар ва пуртаништар хоҳад кард. Ҷо Байден дар дувумин тамоси телефонии худ бо Владимир Путин дар рӯзҳои ахир, хостори “коҳиши таниш” дар марзҳои шарқии Украина шуд ва дар робита ба дахолати Русия дар интихоботи Амрико гуфт, “мо аз манфиатҳо ва амнияти миллии худ қотеона дифоъ мекунем”.

Ҷо Байден моҳи гузашта дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар посух ба ин суол, ки оё Путинро “қотил” медонад, гуфт, “бале”. Ҷо Байден афзуд, вақти “имтиёз додан” ба Путин поён ёфтааст. Путин дар вокуниш ба ин суханон, сафири Русия дар Вашингтонро фаро хонд ва дар суханронии худ ба масъалаи ғуломдории сияҳпӯстон ва наслкушии мардуми бумӣ дар таърихи Амрико ва истифодаи аз бомбаи атомӣ дар ҳамла ба Ҷопон ишора кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин иқдомоти ИМА ба рафтори Русия чӣ таъсире хоҳад гузошт. Ҳукумати Обама дар вокуниш ба дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016, шуморе аз дипломатҳои русро ихроҷ карда буд.

Доналд Трамп, низ ки маъмулан аз рӯёрӯӣ бо Русия худдорӣ мекард, дар соли 2018 дар вокуниш ба заҳролуд шудани як ҷосуси пешин аз сӯи афроди вобаста ба Русия дар Бритониё, чанд дипломати Русияро аз Вашингтон берун кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.