Амрико чанд ширкат ва шахсони муҳим дар бахши нафти Эронро таҳрим кард

Амрико рӯзи 26-уми октябр ба зидди чанд ширкати калон ва ниҳоду шахсони алоҳидае, ки дар бахши нафти Эрон фаъолият доранд, таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Вазорати хазонадории Амрико гуфт, таҳримшудаҳо бо фаъолиятҳои худ нирӯи Қудс, бахши хориҷӣ ва истихборотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро пуштибонӣ мекунанд.

Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико, гуфт, “ҳукумати Эрон бо истифода аз сектори нафт фаъолиятҳои бесуботкунандаи нирӯҳои Қудсро сармоягузорӣ мекунад.”

Вай афзуд, режими Эрон сармоягузории ниҳодҳои даҳшатафкан ва барномаи атомии худро нисбат ба бароварда кардани эҳтиёҷҳои мардум афзал мешуморад.

Таҳримҳои нави Амрико вазири нафт, ширкати миллии нафт ва ширкати миллии киштиҳои нафткаши Эронро дар бар мегирад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.