Амрико ду эрониро ба рахнагарӣ муттаҳам кард

Додситонҳо дар Амрико мегӯянд, ки ду шаҳрванди Эронро ба рахнагарии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ва чандин муассисаҳои дигар дар ин кишвар, Аврупо ва Ховари Миёна муттаҳам кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, Ҳуман Ҳайдариёни 30-сола ва Меҳдӣ Фарҳодии 34-сола даҳҳо терабайт иттило, аз ҷумла дар бораи амнияти миллӣ, ҳавонавардӣ, таҳқиқоти нашрношуда ва дигар маълумоти ҳассосро аз ин муассисаҳо дуздидаанд.

Вазорати адлияи Амрико рӯзи 16-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳарду муттаҳам ба ҷиноятҳо аз шаҳри Ҳамадон “ бисёре аз ин рахнагариҳоро аз тарафи ҳукумати Эрон анҷом додаанд.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки онҳо “борҳо вебсайтҳоро вайрон кардаанд ва паёмҳое доир ба нобудии мухолифони дохилӣ, душманони хориҷӣ ва кишварҳои рақиби Эрон, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ нашр кардаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, рахнагарон баъзе аз иттилооти дуздидаро дар бозори сиёҳ фурӯхтаанд. Крейг Карпентио, додситони Ню Ҷерсӣ гуфт, “Ин шаҳрвандони Эрон, зоҳиран рахнагарии васеъеро дар инҷо дар Ню Ҷерсӣ ва тамоми ҷаҳон ба роҳ андохтанд.”

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.