Амрико фиристодаи хоси худ барои сулҳи Афғонистонро бозпас хонд

Як рӯз баъд аз даст кашидани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз мулоқоти махфие, ки Толибон ҳам бояд дар он ҳузур меёфтанд, Вашингтон фиристодаи хоси худ барои Афғонистонро бозпас хонд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи 8-уми сентябр зимни суханронии телевизионӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки Залмай Халилзод, ки бо Толибон дар бораи поён додани ҷанг дар Афғонистон гуфтугӯ мекард, ба Амрико бозпас хонда шуд ва ишора кард, ки гуфтугӯҳо бо Толибон ҳам барои муддате муттавақиф шудаанд. Доналд Трамп рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ба далели бомбгузории маргбор дар Кобул, ки як сарбози амрикоӣ ҳам дар он кушта шуд, музокироти сулҳ бо Толибонро қатъ мекунад.

Майк Помпео гуфт, Толибон бо ин бомбгузорӣ, ки дар он 12 нафар кушта шуданд, “аз ҳад гузарониданд” ва ихтиёр ба онҳост, ки рафторашонро тағйир диҳанд.

Майк Помпео ба “Фокс Нюс” гуфт: “Толибон нишон доданд, ки ё хоҳиши коҳиши хушунат дар Афғонистонро надоранд, ё наметавонанд ба аҳдҳояшон содиқ бошанд.”

Доналд Трамп рӯзи 7-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки мехост, бо намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар қароргоҳи Камп Девид дар Вашингтон мулоқот кунад. Қарор буд, ин мулоқоти махфӣ дар остонаи солгарди ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 сурат бигирад. Ҳамларо созмони Ал-Қоида, ки раҳбарони Толибон ба онҳо паноҳгоҳ дода буданд, анҷом доданд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.