Амрико гуфт, ҳавопаймову чархболҳоро на ба Толибон, балки ба Тоҷикистон медиҳад

Дар Исфара 9 кӯчаро ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузоштанд

Дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузоштанд. Қарори номгузорӣ шудани объектҳои ҷуғрофӣ ва физикӣ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ ва собиқадорони меҳнат дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара рӯзи 13-уми июн қабул шудааст.

Дар қарор зикр шудааст, ки “онҳо манфиати  ҷамъияту ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар, манзилу маҳал ва деҳаи худ ҷонашонро нисор кардаанд”.

Дар асоси ин қарор, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара бо дархости сокинон ба номи Абдулатиф Шарипов, ронандаи “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаи  марказии Исфара, ки дар муноқишаи марзӣ, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ кушта шуд, гузошта шудааст.

Дар ҷамоати Чоркӯҳ низ ба хотири абадӣ гардонидани номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ номи як қатор кӯчаҳо иваз карда шудаанд.

Номгузории кӯчае ба номи рӯзноманигор Иқбол Тешаев дар ҳоли баррасист.

Боздошти ду сокини Душанбе, ки барои “бурдан ба Амрико” аз чанд кас пул гирифтаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду сокинони шаҳри Душанберо ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт кардааст. Ин ду нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки аз чанд сокин бо ваъдаи бурдан ба Амрико, пул гирифтаанд.

ВКД мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат кардааст, ки ду сокини пойтахт аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд.

Бо ҳамин роҳу ваъда ҳамчунин аз ҷавони 24-солаи дигари сокини ноҳияи Тоҷикобод, низ ҳанӯз моҳи январи соли 2021 маблағи 22-ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсияшон сарф кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

“Амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст”. Тафсилоти вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо генерали эронӣ

Дирӯз, 20-уми июн, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон вохӯрии судманд баргузор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Ба иттилои манбаъ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ дар ҳайати гуруҳҳои корӣ созишномаҳои қаблан миёни вазоратҳои ду кишвар баимзорасидаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор додаанд. Таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.

Ба гузориши хабаргузории IRNA, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон барои ширкат дар нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки амниятии Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе омада буд.

“Саидмаҷиди Мираҳмадӣ амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон дониста, омодагии Эронро барои ҳар навъ кӯмаке дар ин замина баён ва изҳори умедворӣ кардааст”, – хабар медиҳад IRNA.

Амрико гуфт, ҳавопаймоҳоро на ба Толибон, балки ба Тоҷикистон медиҳад

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, мумкин аст, чанд ҳавопаймо ва чархболҳои низомиеро, ки халабонҳои афғон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон оварданд, ба неруҳои кишвар бидиҳанд.

Дар ин бора як фармондеҳи олирутбаи Амрико дар шаҳри Душанбе хабар дод. Халабонҳои афғон, ки Амрико онҳоро дарси парвоз омӯхта буд, моҳи августи соли гузашта бо фирор аз кишварашон чандин ҳавопаймо ва чархболҳои низомии Афғонистонро ба Тоҷикистону Узбекистон оварданд.

Толибон аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро баргардонад. Майкл Курилла фармондеҳи Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе буд, дар посух ба суолҳои хабарнигорон гуфт: ”Мо аз  неруҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорем, ки ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро, нигоҳубин мекунанд. Бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд.”

Ӯ афзудааст, ки Амрико дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон роҳи беҳтари истифодаи ин ҳавопаймоҳоро андеша дорад. Дар посухҳои катбии Майкл Курилла омадааст: “Як умеди мо ин аст, ки ҳама, ё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем.”

Воридоти орд ба Тоҷикистон 12 дарсад коҳиш ёфтааст

Дар панҷ моҳи аввали имсол воридоти орд ба Тоҷикистон 12,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Хадамоти гумруки кишвар хабар додааст, ки дар ин муддат худуди 330 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии 102 миллион доллар ворид карда шуд. Афзоиши нарх қариб 11 фоизро ташкил додааст.

Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд. Чунин пойбандӣ яке аз сабабҳои боло рафтани нархи орду ғалла номида мешавад.

Нархи орд аз аввали сол чанд маротиба боло рафта, ҳоло як халта орди 50-килограмӣ аз 380 то 400 сомонӣ сомонӣ нарх дорад.

Сообщение Амрико гуфт, ҳавопаймову чархболҳоро на ба Толибон, балки ба Тоҷикистон медиҳад появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.