Амрико мегӯяд, Эрон ва Русия талош карданд дар интихоботи соли 2020 таъсир бигузоранд

Як гузориши мақомоти истихборотии Амрико мегӯяд, Эрон ва Русия талош карданд, ки дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дахолат кунанд.

Дар як гузориши 15-саҳифагӣ, ки рӯзи сешанбеи 16-уми март аз сӯи дафтари Раёсати амнияти миллии Амрико нашр шуд, мегӯяд, ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки бозигарони хориҷӣ мустақиман халал ё хадшае ба раванди раъйгирӣ ворид карда бошанд.

Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин дастури амалиёти кибернетикӣ ва таблиғотӣ барои латма зада задан ба Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократро содир карда буд.

Тибқи ин гузориш, ҳукумати Русия алайҳи Ҷо Байден даст ба нашри “маълумоти гумроҳкунанда ва ғалат” зад, аммо Эрон талош мекард, ки ҳимоятҳо аз Доланд Трампро коҳиш диҳад.

Дар интихоботи президентии соли 2016 низ гузоришҳои ниҳодҳои кашфии Амрико нишон медод, ки Русия талош карда буд, то Доналд Трамп барандаи интихобот шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.