Амрико мегӯяд, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, кӯмаки ‘фаврӣ’ омода аст

Кохи Сафед рӯзи 18-уми июн гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сурати ҳамлаи низомии Русия ба Украина кӯмакҳои низомии фавқулодда омода кардааст.

Ҷейн Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, дар изҳороте гуфт, хабарҳои охири расонаҳои Амрико дар робита ба он, ки ИМА аз расонидани ёриҳои низомӣ ба Украина худдорӣ меварзад “сафсата” аст.

Ҳафтаи охир нашрияи “Politico” ва “The Washington Post” хабар доданд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден як бастаи кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба маблағи даҳҳо миллион доллар ҷудо кардааст, ки дар он силоҳи марговар ҳам ҳаст. Бастаи эҳтимолӣ, ки гуфта мешуд силоҳ ва мушакҳои зиддитонкиро дар бар мегирад, дар посух ба афзоиши нерӯҳои Русия ва таҷҳизоти низомии Русия дар наздикии марзҳои Украина баҳори имсол таҳия шуд. Расонаҳои Амрико хабар доданд, ки Иёлоти Муттаҳида ин пешниҳодро дар пасманзари он, ки Русия моҳи апрел гуфт, ният дорад шумори сарбозонашро дар наздикии  марзи Украина 100 ҳазор кам кунад, муваққатан боздошт.

Бо вуҷуди эълони хуруҷ, мақомоти Амрикову Украина мегӯянд, ки Русия баъзе таҷҳизоти низомиро дар ҷои худ боқӣ гузоштааст, ки бо истифода аз онҳо дар сурати ташаннуҷи вазъ, нерӯҳои худро метавонад зуд сафарбар кунад. Иёлоти Муттаҳида аз соли 2014 ба ин сӯ ба Украина ба маблағи беш аз 2,5 миллиард доллар кумаки низомӣ расондааст.

“Ин андеша, ки мо кӯмаки низомиро ба Украина бозмедорем, сафсата аст. Танҳо ҳафтаи гузашта – дар арафаи ҳамоиши ИМА ва Русия – мо 150 миллион доллар кӯмаки низомӣ аз ҷумла силоҳи марговар расондем, – гуфт Псаки дар изҳороти худ. Ӯ афзуд, “Мо ҳамчунин будҷаи эҳтимолиро ба Украина дар сурати ҳамлаи Русия ба ин кившар омода кардаем”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.