Амрико то 11 сентябр ҳама нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад

Қасри Сафед мегӯяд, қарор аст Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА рӯзи чаҳордаҳуми апрел дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суханронӣ кунад. Ин пас аз он аст, ки хабаргузории “Ройтерз” ва рӯзномаи “Вашингтон пост” гузориш доданд, ки Байден ҳама нерӯҳои амрикоиро то 11-уми сентябри соли ҷорӣ аз Афғонистон берун хоҳад кард. Ин тасмими Байден, дарозтарин ҷанги Амрикоро поён хоҳад дод.

Хабаргузории “Ройтерз” ва рӯзномаи “Вашингтон пост” рӯзи сешанбе ба нақл аз манбаъҳои худ дар ҳукумати Амрико навиштанд, ки Ҷо Байден тасмимаш дар ин мавридро эълон хоҳад кард. Чанд соат пас аз нашри ин хабар, Қасри Сафед эълон кард, ки Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.

Хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон баробар мешавад ба бистумин солрузи ҳамлаи 11-и сентябри соли 2001 ба Амрико.

Ба гуфтаи манобеъ, интизор меравад вазирони умури хориҷӣ ва дифои Амрико дар мавриди бозгашти нерӯҳои амрикоӣ ба хона, рӯзи чаҳордаҳуми апрел дар Бруссел — пойтахти Белгия ба муттаҳидони худ дар НАТО, маълумот диҳанд.

Нерӯҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла бурданд ва низоми Толибонро сарнагун карданд. Ин гурӯҳ ба Ал-Қоида, ки муттаҳами асосии ҳамла ба Амрико ба шумор мерафт, паноҳ дода буд. Дар ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 ба Амрико наздик ба 3 ҳазор тан кушта шуданд.

Ба гузориши бахши марказии Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир ҳади ақал 2500 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Аммо чанде пеш шумораи ин нерӯҳо ҳудуди 3 ҳазору 500 тан гузориш шуда буд. Дар баробари нерӯҳои амрикоӣ, ҳудуди 7 ҳазор сарбози НАТО дар Афғонистон ҳузур доранд.

Тибқи созишнома байни Амрико ва Толибон, ки 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти Қатар ба имзо расид, ҳама нерӯҳои амрикоӣ то аввали моҳи майи соли 2021 бояд аз Афғонистон берун шаванд, ба шарти он, ки Толибон ба ваъдаҳои худ дар мубориза бо терроризм амал кунанд.

Ҷо Байден ахиран ҳушдор дод, ки хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар вақти таъйиншуда дар ин созишнома, ба мушкил дучор хоҳад буд. Гурӯҳи Толибон таҳдид кардааст, ки агар нерӯҳои байналмилӣ то аввали моҳи май Афғонистонро тарк накунанд, ҷанг бар зидди ин нерӯҳоро дигарбора оғоз кард.

Тасмими Байден дар мавриди хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон дар ҳоле қарор аст эълом шавад, ки Туркия рӯзи сешанбе эълом кард, ки конфронси байналмилалии 10-рӯза дар мавриди сулҳи Афғонисон аз 24-уми апрел то 4 май дар Истанбул баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин расонаҳо замони оғози нишасти Истанбулро 16-уми апрел гуфта буданд. Аммо Толибон рузи душанбе эълон карданд, ки дар 16-уми моҳи апрел дар ин нишаст иштирок карда наметавонанд. Ҳукумати Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар ин нишаст эълон кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.