Анҷелина Ҷолӣ расми Чирчиллро $11,5 млн фурӯхт

Ҳунарманди амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ расми “Манораи масҷиди Ал-Кутубия”-и мутааллиқ ба сарвазири пешини Бритониё Уинстон Черчиллро 11,5 миллион доллар фурӯхтааст.

Дар ин бора сомонаи музоядаи Christie’s хабар медиҳад. Қимати ибтидоии расм 3 миллион доллар буд, аммо дар музояда қимати он боло рафт. Номи харидори акс расонаӣ нашудааст.

“Манораи масҷиди Ал-Кутубия” – яке аз 500 расми Черчилл аст, ки вай дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ кашидааст. Черчилл он расмро дар Марокаш кашида ва ба президенти вақти ИМА Франклин Рузвелт тақдим кардааст.

Соли 2011 Брэд Пит, ҳунарманди дигари амрикоӣ расмро харида, ба Анҷелина Ҷолӣ тақдим кард. Пит ва Ҷолӣ соли 2016 аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Ҷолӣ шарҳ надодааст, ки чаро расми Черчиллро фурӯхтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.